(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори “Хонаи ақди ниқоҳ”-и шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон 80 дона шаҳодатномаҳо ба соҳибонашон ройгон тақдим карда шуд.

Мухбира Ҷумъазода сардори шуъбаи сабти асноди шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи иҷтимоиёт яке аз самтҳои муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, дар ин самт баҳри дастгирии оилаҳои ҷавон ва модару кўдак пайваста шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Дар доираи чорабиниҳои роҳандозишуда ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи САҲШ-и шаҳри Хуҷанд тасмими гирифта шуд, ки ба 80 нафар эҳтиёҷмандон шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои ислоҳию такрориро тақдим намояд. Ин тасмим аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дастгирӣ ва амалӣ карда шуд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ ба 80 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои такрорию ислоҳӣ тақдим гардид. Таъкид шу, ки чунин амалҳои хайрхоҳона дар оянда низ идома дода мешавад.

Волидайни соҳиби шаҳодатномаи навзодӣ, зоднома ва шаҳодномаҳои такрорию ислоҳӣ гардида, аз ин иқдоми мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ ба муносибати Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон истиқболи гарм намуда, барои ташкили чунин амалҳои хайрхоҳона изҳори миннатдорӣ намуданд.

Барномаи рангини фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд