(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон дар муассисаҳои томактабии шаҳри Хуҷанд силсилаи чорабиниҳои тарбиявӣ баргузор гардид.

Дар ширхоргоҳ-кўдакистони №25-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Мо кўдакони хушбахтем” баргузор гардид.

Кўдакон бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва фароҳам овардани шароити созгор дар кишвари соҳибистиқлол шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб намуданд.

Таъкид шуд, ки дар кишвари мо ҳимояи ҳуқуқ, ҳифзи саломативу ҳаёти кўдак, фароҳам овардани шароит барои таҳсилоти ў аз ҷумлаи самти афзалиятноки сиёсати давлат мебошад. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ягон табақаи аҳолӣ аз ғамхорию парасторӣ берун нест. Маҳз пойдории сулҳу салоҳ аст, ки рўзгорамонро рў ба беҳбудӣ оварда истодааст. Инчунин ба кўдакони ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса рўз аз рўз бештар мешавад.

Саҳначаҳои ҷолиб ва рақсҳои мавзун аз ҷониби кўдакон бо маҳорати хос иҷро карда шуд.

Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва маъмурияти муассисаи таълимии томактабӣ дар маҳфили хушҳолӣ иштирок намуда, ба сатҳи баргузории он баҳои баланд доданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд