(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altШаҳри Хуҷанди бостонӣ бо дастур ва раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабои нав ба бар менамояд.

Соли ҷорӣ бо оғози маъракаи мумфаршкунии як қатор кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва дохили маҳаллаҳо бо ҷалби маблағҳои буҷавӣ ва соҳибкорони ватандўст мумфарш карда шуданд.

Субҳи имрўз низ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кўчаи Константин Калиников (собиқ Мичурин) дар масоҳати беш аз 3000 метри мураббаъ пурра мумфарш карда шуд, ҳамзамон ҷўйборҳои канори роҳ азнавсозӣ гардида, чароғпояҳои нав насб карда шуданд. Интизор меравад, ки дар оянда пайроҳаҳои ду канори роҳ низ азнавсозӣ карда шаванд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар кўчаи Константин Калиников як қатор идораву муассиса ва ташкилотҳо, аз ҷумла кўдакистони хусусии “Ҳушёрак”, Идораи нотариалии вилояти Суғд, Корхонаи давлатии суғурта, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, адвакатура, радиои “Шаҳри ман” ва ғайраҳо ҷойгир буда, ҳамарўза садҳо нафар корафтодагон аз ин кўча истифода менамоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд