(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар яке аз хонаҳои баландошёнаи микроноҳияи 34-и маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд аз Наврўзи байналмилал истиқбол гирифта шуд.

Тантанаҳои идона бо иҷрои расму анъанаҳои миллӣ ҷараён гирифта, аҳли маҳалларо раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ бо Наврўзи байналмилал табрику таҳният гуфт.

Таъкид гардид, ки мояи ифтихору сарбаландист, ки Наврӯзи аҷамиён танҳо бо шарофати соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ба ҷашни мардумии тоҷикон табдил ёфт. Ин ҷо месазад талошҳои пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, билхоса саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсус қайд кард. Имрӯз Наврӯз дар сархати аввали иду ҷашнҳои миллӣ ҷой дорад. Наврӯзи хуҷастапай имрӯз дар сатҳи давлатӣ ва хеле бошукӯҳ пас аз омодагиҳои зиёд ва бо риояи тамоми анъанаю расму оинҳои аҷдодӣ бо иштироки фаъолонаи намояндагони илму ирфон ва роҳбарияти сиёсии як қатор мамолики хориҷи дуру наздик доир мегардад. Бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти сиёсии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иду ҷашнҳои ориётаборон, хоса Наврӯзи оламафрӯз 2 декабри соли 2009 дар ташкилоти байналмилалии ЮНЕСКО сабти ном гардид ва 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64 -уми Созмони Милали Муттаҳид мақоми ҷаҳонӣ касб кард. Ифтихор аз он дорем, ки дар кулли мамолики олам ин ҷашнро бо номи тоҷиконаи Наврӯз зиёда аз 300 миллион одам ҷашн мегиранд. Наврӯз - ҳалқаи заррини пайванди гузаштаву ҳозира ва ояндаи дурахшони мост. Марҳабо, эй Наврӯзи дилафрӯз, Наврӯзи қалбҳои пурҷӯш, Наврӯзи умеду умедвориҳо, Наврӯзи эҳёи тамоми мавҷудоти рӯйи олам! Умед бар он мебандем, ки қадамҳои муборакаш ба табиат гулгулшукуфӣ, ба деҳқон ҳосили пурбаракат ва ба мардум шодию сурур меорад.

Барномаи фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд