(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАҳли маҳаллаи «Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ ва бо ифтихору саодатмандӣ Наврўзи байналмилалро таҷлил намуданд.

Таъкид гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Бо фаро расидани ин ҷашни зебои табиат ҳар хонадони кишвар пур аз шодиву фараҳ мегардад ва марди деҳқон мисли пештара ба замин донаи умед мепошад.Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳувияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонад. Ба муносибати фарорасии Наврӯз аз рӯи анъана ва суннатҳои қадима мардуми мо беш аз ҳар вақти дигар даст ба корҳои хайр мезананд. Андарзи ҷовидонаи ниёгони башардӯстамон - «Пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек» дар тӯли таҳаввули таърихии халқи мо ҳамеша парчами кору амал будааст. Зеро фарҳанг ва тамаддун умуман, аз ҷумла фарҳанги Наврӯзи оламафрӯз, хислату ҷавҳари инсонсоз дорад.

Зикр гардид, ки бо ҳамкориву талоши кишварҳои мо Наврӯз, хушбахтона, ҷашни ҷаҳонӣ эълон шуд, ки ин дастоварди барҷаставу арзишманд аст. Акнун моро лозим аст, ки тамоми суннатҳои қадимии қисман ба гӯшаи фаромӯшӣ рафтаи Наврӯзро зина ба зина дубора эҳё намоем. Зеро мо вазифадорем, ки барои ҳифзу тарғиби арзишҳои ахлоқӣ ва рушди суннатҳои неки фарҳангии худ дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ иқдомоти мунтазам ва муассирро амалӣ гардонем.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд