(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрўз, яъне 8 март иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода якчанд нафар бонувони фаъол ва собиқадорро, ки дар пешрафт ва рушди шаҳр саҳми муносиб гузоштаанд, аёдат намуда, бо Рўзи модар табрику таҳният гуфт.

Фирдавс Шарифзода зимни аёдат ба Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, собиқадорони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр, сокини маҳаллаҳои Чорчароғ Тўҳфа Мўсоева, маҳаллаи Раззоқ Раҳбар Тошматова, Содирхон Ҳофиз Мавлуда Мамадова, Мевағул Турсуной Муҳаммадҷонова ва Чорчароғ Мавҷуда Исматова Паёми табрикотии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва номаи шодбошии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бахшида ба Рӯзи Модар расонида, онҳоро муборакбод намуд.

Шаҳрдор таъкид намуд, ки Модар гаҳвораву оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро ба дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд. Баробари ин, дар сари гаҳвораи тифлаш шабзиндадорӣ карда, камолоти ӯро интизор мешавад ва тамоми ҳастиашро ба парвариши ҷигарбандаш сарф намуда, аз роҳи сидқ мададгораш мегардад. Ин рисолати бузурги инсонӣ мақому мартабаи модарро боз ҳам муқаддасу беназир гардонидааст.

Зикр гардид, ки мо дар симои бонувони азиз олиҳаи бахту саодат ва зебоиро мебинем. Занон бо меҳру вафояшон шӯълаи ишқу умедро абадӣ гардонида, эҳсоси инсониро дурахши пурҷило бахшиданд. Имрўз модарони баору номуси мо фарзандони худро ҷиҳати ҳифзи истиқлолияту озодӣ, амнияти давлатӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ карда, барои бунёди давлати пешрафтаву соҳибтамаддун ва дунявию демократӣ талош меварзанд, то ин ки номбардори ин Ватан ва хоки муқаддаси ниёкони хеш бошанд.

Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, собиқадорони соҳаҳои мухталфи хоҷагии халқи шаҳр Тўҳфа Мўсоева, Раҳбар Тошматова, Мавлуда Мамадова, Турсуной Муҳаммадҷонова, Мавҷуда Исматова ва дигарон аз ин иқдомоти шаҳрдор болида гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ, таваҷҷуҳ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд