(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altЧАРОҒИ ХОНАДОНУ ПЕШСАФИ ҶОМЕАЕД

Модарони гиромиқадр!

Бонувону хоҳарони арҷманд!

Боиси хушҳоливу сарфарозист, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон Рӯзи модар ҳамчун ҷашни расмии давлатӣ эълон гардидааст. Ин гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо – модарони гиромӣ ва занону бонувони азиз дар ҷомеаи мо маҳсуб меёбад. Дар ин рӯзҳои аввали баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ ва покизагиву зебоӣ ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу хушбахтӣ ва хонаободиву сарбаландӣ орзу менамоям.

Воқеан, модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад. Барои мардуми соҳибфарҳанги тоҷик занону модарон чун чароғи пурфурӯғи хонавода, сарчашмаи меҳру вафо, мазҳари ишқу зебоӣ, намунаи олии меҳрубонӣ ҳастанд ва боқӣ хоҳанд монд. Аз ин ҷост, ки модарон арзандаи эъзозу эҳтирому дӯстдорӣ мебошанд, зеро дар дӯши онҳо дунё қарор дорад.

Бо арҷгузории самимона ва эҳтирому эътиқоди баланд ба хираду заковат ва бузургии шумо – модарону бонувони иззатманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бинокори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад».

Дар замони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин радиф бо ғамхорию таваҷҷӯҳи рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода баланд бардоштани мақому манзалат ва мавқею мартабаи занону бонувон дар ҷомеа вусъати тоза касб намудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ фаъолгардонии нақши занону бонувонро дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии шаҳр вусъат дода, минбаъд низ баҳри фароҳам овардани шароити мусоид тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Итминони комил дорам, ки занону модарони арҷманди мо минбаъд низ рисолати ҳамешагии хеш - тарбияи зебоиву иффат, ҳалолкориву поксириштиро дар замири фарзандон идома дода, насли навраси кишвари соҳибистиқлоламонро дар рӯҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол мерасонанд ва баҳри амалӣ гардидани нияту ҳадафҳои давлату Ҳукумати мамлакат саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Бо ҳамин ибрози беҳтарину ниятҳои нек ҳамаи шумо, модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азизро бори дигар ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи модар табрик мегӯям ва ба ҳар яки шумо тани сиҳат, иқболи баланд, дар хонадонатон осоишу оромӣ ва пирӯзиву баракати зиндагониро орзу менамоям.

Рӯзи модар муборак, бонувону хоҳарони гиромӣ!