(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа муносибати Рӯзи Модар ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шаҳри Хуҷанд оид ба футбол байни духтарони солҳои таваллудашон 2005 - 2008 ташкил ва баргузор гардид.

Мусобиқа дар майдони футболи гимназияи рақами 1 - и ба номи Раҳим Ҷалил доир гардида, дар он 120 нафар ҷавондухтарон дар ҳайати 8 даста аз ҳисоби муассисаҳои таҳсилоти умумӣ иштирок намуданд.

Таъкид шуд, ки мақсад аз баргузории мусобиқа ин тарғиби тарзи ҳаёти солим, густариши намуди футбол, ҷалби васеи наврасону ҷавонон алалхусус духтарон ба ин намуди варзиш, мустаҳкам намудани дустӣ байни варзишгарон мебошад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд