(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади фаровону дастрас намудани дастархони мардум дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзии навбатӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.

Субҳи имруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни ташкили ярмарка боздид намуданд.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намоянд. Ҳамзамон ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дода шуд.

Бояд таъкид намуд, ки дар мавзеъи мазкур ҳамзамон фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо мақсади муташаккилона роҳандозӣ маъракаи кабудизоркунӣ ва ободонӣ ва расонидани ёрии амалӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, аҳолии шаҳру навоҳии вилоят ва ташкилоту идораҳо дар корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва бунёди боғу токзорҳои нав ташкил карда шуда буд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд