(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имрӯз бо иқдоми шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии роҳбарияти шаҳр бо ҷалби фаъолзанон, соҳибкорзанон, раисони шурои кор ба занони маҳаллаҳо, заноне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат менамоянд, сарбозони Баталёни 3-юми қисми низомии 6593-и Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аёдат карда шуданд.

Дар оғози мулоқот бо сарбозон ва ҳайати қисми низомии мазкур Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд изҳор дошт, ки чорабинии мазкур ба ифтихори 28-умин солгарди навбатии Рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон пиёда гардида, ҳадафи он пеш аз ҳама шиносоии модарон бо ҳаёти имрӯзаи сарбозии фарзандонашон мебошад.

Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаи табрикотии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба муносибати солгарди навбатии таъсисёбии Артиши миллӣ ба самъи ҳозирин раоснида, аз ҷумла таъкид намуд, ки Давлату Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини солҳои аввали истиқлолият тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт. Тайи солҳои сипаришуда даҳҳо ҳазор ҷавонони бонангу номуси Ватан аз тарбияи ин мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намудаанд ва борҳо собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ дар ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд. Мо имрўз дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинем, ки ба савганди ҳарбӣ ва халқу Ватани худ ҳамеша содиқу вафодор ҳастанд.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Шуҷоат Ҳасанова, ҷавонони фаъол ва сарбозони қисми низомӣ баромад намуда, баргузории чунин чорабиниҳоро дар тарбияи ватандӯстии наврасону ҷавонон муфид арзёбӣ намуданд.

Сипас, фаъолзанон, соҳибкорзанон, раисони шурои кор ба занони маҳаллаҳо, заноне, ки фарзандонашон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷкистон хизмат менамоянд, аз вазъи зиндагии сарбозони қисми низомии мазкур аз наздик шинос шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Роҳбарияти Баталёни 3-юми қисми низомии 6593-и Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб изҳори миннатдорӣ намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд