(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раҷаббой Каримов бо Чин Ци Де Ци Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо сармуҳандиси корҳои иншоотии ширкати «ТВЕА»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Ци Де Ци мулоқот анҷом дод.

Раҷаббой Каримов дар мавриди мавҷудияти шароит ва зарурати бунёди маркази барқу гармидиҳӣ дар шаҳри Хуҷанд зикр намуда илова намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омодагии комил дорад, то барои амалишавии ин лоиҳа мусоидат намояд.

Намояндаи ширкати чинӣ иттилоъ дод, ки ҳоло онҳо бо кӯмаки мутахассисони маҳаллӣ мавзеи тахминии бунёди маркази барқу гармидиҳиро дар маҳаллаи 16-уми шаҳр муқаррар намуданд. Раиси шаҳри Хуҷанд доири оғози корҳои сохтмонӣ дар соли ҷорӣ таъкид намуда, амалӣ гаштани лоиҳаи мазкурро аз ҳисоби маблағи қарзи имтиёзнок, мувофиқи мақсад донист.

Ҳамчунон ба сохторҳои марбутаи шаҳри Хуҷанд барои амалишавии лоиҳаи мазкур дастурҳои мушаххас дода шуд. Ҷонибҳо бобати дар марҳилаи аввал ба истифода додани маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори на камтар аз 50 МГВТ ба мувофиқа расиданд.