(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона»Яке аз нуктаҳои муҳиме, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша эътибори ҷиддӣ медиҳанд,ин ҳалли мушкилоти саривақтии мардум, шаффофияти фаъолитяи мақомоти маҳаллӣ аст.

Бо мақсади амалисозии ин дастуру супоришҳои сарвари давлат субҳи имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд, қабули сокинони шаҳр, тариқи «Равзанаи ягона» сурат гирифт.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов рафти қабулро бевосита роҳбарӣ намуда, бо муроҷиаткунандагон баҳри ҳалли масалаҳои гузошташуда, баррасии саривақтии онҳо аз ҷониби роҳбарони воҳидҳои сохторӣ,  дастуру супоришҳо дод.

Бештари муроҷиати сокинон вобаста ба таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданд.

Қабули шаҳрвандон бо усули «Равзанаи ягона»Аз ҷониби масъулон ба муроҷиаткунандагон  маълумот дода шуд,ки тибқи талаботҳои қонунҳои мавҷуда мавзеи барои тақсимот пешбинишуда,бояд аз  марҳилаи лоиҳавӣ,ҷудо намудани замин барои тақсим намудан, ташкили инфросохторҳои марбута аз қабили, кудакистону мактаб,  табобатгоҳ,хатти интиқоли барқ, оби нушокӣ ва дигар талаботҳои шаҳрсозӣ гузаранд. Айни замон корҳои зикргардида дар марҳилаи анҷомёбист ва то интиҳои чормоҳаи аввали соли равон, гуруҳи навбатии ниёзмандон бо қарори комиссияи босалоҳияти ҷамъиятӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ таъмин карда мешаванд.

Қисми дигари сокинони шаҳр дар мавриди таъмири хонаҳои истиқоматӣ, расондани кумаки  моддӣ, барои қайди навбати сафари ҳаҷ муроҷиат намуданд.

Дар ниҳояти қабули шаҳрвандон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов натиҷаи муроҷиати шаҳрвандонро ҷамбаст намуда, зикр намуд,ки нисбати масъалаи қабули муроҷиаткунандагон, эътибори  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамруза буда, дастури иҷрокунандаи вазифаи  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ    ин аст,ки мо бояд дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин дар сатҳи баланди касбӣ мушкилоти мардумро ҳаллу фасл намоем.

Ба мудири Шуъбаи кор бо маҳаллаҳо Сайфулло Ҳабибуллоев ва мудирони шубаҳои дастгоҳи иҷроияи Раиси шаҳр супориш дода шуд,ки минбаъд бо чунин тарз шаҳрвандонро  дар худи маҳалла қабул карда шаванд,зеро аксари масалаҳои мардумро дар худи маҳалли зисти онҳо баррасии намудан мумкин аст.

Умуман тариқи «Равзанаи ягона»  зиёда аз 40 нафар сокинон муроҷиат намуданд.