(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣҲифзи иҷтимоии сокинони кишвар яке аз самтҳои муҳими сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат буда, бо мақсади татбиқи ин сиёсат дар шаҳр корҳои зиёди назаррас ба сомон мерасад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 январ чун Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҷлил мешавад. Ин сана барои мардуми кишварамон ҷиҳатҳои хоси худро дорост.

Бо мақсади боз ҳам пойдору мустаҳкам гардидани давлати соҳибистиқлоламон, баланд гаштани сатҳи зиндагии мардум, рушду нумӯи соҳаи иҷтимоӣ нигаронида, эҳтиром ва дастгирии табақаи камбизоати аҳолӣ, шахсони яккаву танҳо, маъюбу бепарастор ва собиқадорони ҷангу меҳнатро кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ вазифаи муқаддаси худ медонанд.

Ҷавобан ба ғамхорию таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони соҳа меҳнати содиқона ва самарабахш намуда, пешравиҳои назаррасро дар ҳамаи соҳаҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ноил мегарданд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба хотири фароҳам овардани шароит ба маъюбону эҳтиёҷмандон ва дастгирии моддиву маънавии онҳо пайваста тадбирҳои судманд меандешад. Таъмини ҳифзи иҷтимоии табақаи ниёзманди аҳолиро ҳамеша мавриди назар қарор дода, дар оянда низ онҳо доимо мавриди ғамхорию дастгирӣ қарор хоҳанд гирифт.

Бори дигар ҳамаи кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоиро табрик намуда, барояшон дар ҷодаи таъмини ҳифзи манфиатҳои ҷомеа дастовардҳои шоистаи меҳнатӣ, бурдборӣ ва рӯзгори обод таманно дорам.



Раиси шаҳри Хуҷанд                                                                                Р.Каримов