(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд бо иқтидори бештар фаъолият хоҳанд кард.Имруз шумораи корхонаҳои саноатии хурду бузург дар шаҳри Хуҷанд ба 90 адад расида,дар давоми соли 2013 ба миқдори зиёда аз 400 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Ҳаҷми маҳсулоти истехсолгардида, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 114,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо мақсади огоҳӣ пайдо кардан аз шароити корхонаҳои саноатии шаҳри Хучанд, аз се корхонаҳои коркарди пахта дидан намуд.Нахуст Раҷаббой Каримов ба корхонаи ресандагии «Неку Хуҷанд» ташриф овард. Корхонаи мазкур аз соли 2010 фаъолият бурда,айни замон дар он наздик 200 нафар бо ҷойи корӣ таъминанд.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд бо иқтидори бештар фаъолият хоҳанд кард.Мувофиқи маълумоти роҳбарияти корхона соли сипаригардида 360 тонна пахта коркард карда шудааст.Махсулоти истеҳсол намудаи ин коргоҳ дар кишвархои Туркияву Руссия ва бозори дохила ба фуруш гузошта шудааст. Кормандон азм доранд,ки соли ҷорӣ нақшаи истеҳсоли маҳсулотро барзиёд ичро намуда,онро то 1000 тонна расонанд. Дар ҳамин замина имконияти ташкили  ҷойхои нави корӣ низ пайдо мешавад. Зимни боздид Раҷаббой Каримов ба масъулини корхона барои боз ҳам беҳтар намудани сифати маҳсулот якчанд дастуру супоришҳо дод.

Корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд бо иқтидори бештар фаъолият хоҳанд кард.Соли 2007 собиқ корхонаи муштараки Кареяву Тоҷикистон «Каабол Тоҷик Текстайлс» аз фаъолият бозмонда буд. Солҳои фаъолияти кории ин корхона 2 ҳазору 320 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буданд. Ин коргоҳ дорои сехҳои бофандагӣ, ресандагӣ, рангуборкунӣ  буд. Ҳоло шароит ва имкони аз нав ба кор даровардани корхона вуҷуд дорад. Бино ба гуфти роҳбарияти корхона ҳоло гуфтушунид ва баррасии азнав ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами коргоҳ бо ширкатҳои давлати Покистон «Прайм-коттон» рафта истодааст. Дар сурати ба як қарор омадан эҳтимол аст,ки моҳи марти ҳамин сол корхона ба кор дарояд. Агар корхона дигарбора  ба кор шурӯъ намояд, дар маҷмӯъ наздик 900 ҷойи корӣ фароҳам оварда мешавад. Дар як моҳ ба иқтидори 300 тонна  пахта коркард шуда, 150 ҳазор метр матои ҷинс омода гардад. Маҳсулоти корхонаи мазкур ба давлатхои хориҷа содирот мешавад,ки ин барои ғанӣ гаштани буҷаи давлат мусоидат хоҳад кард.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов гуфт, ки барои фаъолияти  пурмаҳсули  коргоҳ мақомоти маҳаллӣ  кумаки амалии худро ҳамеша хоҳад  расонд.

Дар ин радиф Раҷаббой Каримов аз Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нассоҷии Хуҷанд» ва «Тоҷик-сити» боздид ба амал овард.Азбаски корхонаи «Нассоҷии Хуҷанд» нав таъсис ёфтааст,соли сипаригардида ба миқдори 68 тонна маҳсулот истеҳсол намудааст.Дар коргоҳ зиёда аз 120 нафар бо ҷойи корӣ таъмин буда, кормандони он дар се баст фаъолият мебаранд.Масъулини корхона тасмим гирифтаанд, ки нақшаи солонаро барзиёд иҷро карда,ҳаҷми маҳсулотро ба як ҳазору дусад тонна расонанд. Дар корхонаи саноатии «Тоҷик –сити» бошад, беш аз 700 нафар бо ҷойи корӣ таъмин  буда ,музди маоши миёнаи кормандон 720 сомониро ташкил медихад.Дар корхона сехҳои ресандагӣ,рангдиҳӣ ва дузандагӣ амал менамояд. Маҳсулоти истеҳсолгардидаи ин коргоҳ, аз қабили либосҳои корӣ ба Федератсияи Руссия ва бозори дохила ба фуруш меравад.

Баъди боздиди ин корхонахо Рачаббой Каримов ба рохбарони он таъкид намуд,ки барои ривочу равнаки махсулоти ватани диккати чидди зохир намоянд. Агар солҳои қаблӣ дар корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд ҳамагӣ то 20 % пахта коркард гардад, пас имруз барои то 45% расондани ҳаҷми коркарди пахтаи маҳаллӣ дар коргоҳҳои саноатӣ шароиту заминаи воқеи мавҷуд аст. Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони корхонаҳои зикрагардида супориш дод, ки дар соли равон имконияту иқтидори коргоҳҳои худро пурра истифода баранд. Зеро ин тадбир метавонад барои беҳтар гаштани зиндагии мардум ва боло рафтани сатҳи вазъи иҷтимоии онҳо замина гузорад.