(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Хуҷандро боз 400 бех дарахти ҳамешасабз оро хоҳад дод.Тибқи дастуру супоришҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза мегирад. Дар ин раванд тасмим гирифта шудааст, давоми соли ҷорӣ дар гулгашту хиёбонҳо ва кӯчаҳои марказӣ шинонидани ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳои гуногуни ороишӣ, ба рох монда шавад. Аз ҷумлаи чунин тадбирҳо ба ободоноиву кабудизоркунӣ фаро гирифтани шоҳроҳи Хуҷанд-Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.

Санаи 17-уми январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо ҳамроҳии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба маъракаи ниҳолшинонӣ дар ин мавзеъ ҳусни оғоз бахшиданд. Бо баробари шинонидани ниҳоли «Ардачи вирҷинӣ» Абдураҳмон Қодирӣ таъкид дошт, ки ба нашъунамои минбаъдаи он ва тарзи дурусти шаклдиҳӣ бояд таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кард.

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2014 дар шаҳри Хуҷанд соли ободониву гулкорӣ эълон гардида, мақомоти маҳаллӣ тасмим гирифтааст, давоми сол беш аз 2-милион гулу буттаҳо ва зиёда аз 50-ҳазор бех дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонад. Ҳамчунин дар масофаи 8-километр девораҳои қади роҳ бунёд карда хоханд шуд. Дар қади ду канори роҳи даромади шаҳрро 400 бех ниҳолҳои «Ардачи вирҷинӣ» оро хоҳанд дод.

Бино ба андешаи мутахассисон нашънунамои ин ниҳол дар иқлими мо хуб суръат гирифта, онро метавон ба таври дилхоҳ шакл дод, ки ҳусни шаҳрро дучанд месозад.

Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд корҳои ободонӣ ва гулкорӣ дар шаҳри Хуҷанд, дар рузҳои ҳавои мусоид идома дода мешаванд.