(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Се маҳаллаи шаҳри Хуҷанд нақшаи даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ иҷро  намудандМаҳаллаҳои  ба номи   «Ҷаббор Расулов» , «Шарқ», ва «Чашмаи  Арзана»   аз байни 18 маҳалла ва китъаҳои ахолинишини маркази вилоят аз  аввалинҳо шуда нақшаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбиро ба иҷро расонданд. Назар ба иттилои Комисияи даъватии шаҳри Хуҷанд то имуз 27,9% нақшаи даъвати шаҳрвандони синни даъватӣ  иҷро гардидааст. Лозим ба ёдоварист,ки  комиссияи даъвати тирамоҳӣ аз санаи якуми октябр ба кор шуруъ намудааст ва то ба иҷро расидани нақшаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият хоҳад бурд.  Ёдовар мешавем, ки аввалин 30 нафар  ихтиёриён   санаи 03 октябри соли ҷорӣ дар бо тантана гуселонда шуданд.