(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

ПахтаКормандони   Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  ва зерсохторҳои   он бо роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов рузи истироҳати худро  ҳамроҳи ҳашарчиёне, ки қаблан ба кумаки деҳқонони ноҳияи Зафаробод  рафта  буданд, гузарониданд.

Дар ҳайати  гуруҳ  шоир  Неъмат Оташ нависанда  Равшан Замир ва журналистони  маҳаллӣ  ҳамроҳ  буданд.

Назар ба иттилои роҳбари ситод  муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд  Иброҳим Иброҳимов  дар   давоми руз  517 нафар  ҳашарчиён  19ҳазору 346 килограмм пахта чиданд. Дар  ҷамбасти  руз  ба   14 нафар   ҳашарчиёне ки бештар аз 60 килограммӣ  пахта чиданд Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой  Каримов  туҳфаҳои хотиравӣ супорид.

Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи имияти давлатии шаҳри Хуҷанд бошад барои ҳашарчиён барномаи консертӣ  пешкаш намуд.