(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Соҳибкорони  Ҷумҳурии Словакия  дар қабули Раиси шаҳри ХуҷандИмруз  Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов  роҳбари Палатаи савдо  ва саноати  Словакия  ва  Тоҷикистон  Ян Турчок ва  гуруҳи соҳибкорони Ҷумҳурии Словакияро дар ҳайати  Директори генералии ширкати «Прогресс ТрадингЛТД»  Растислав Немчовски, Директори сармоягузории   иниститути лоиҳакашӣ ва  илми-тадқиқотии шаҳри Нова-Дубница  Ондрей  Марчекро      ба ҳузур пазируфт.  Раиси шаҳри Хуҷанд   доири дастовардҳои  маркази вилоят ба ҳозирон маълумот дода, оиди  имкониятҳои иқтисоди ва сармоягузории шаҳри Хуҷанд ҳарф зад.  Ба фаъолият шуруъ намудани 17 корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба онҳо , мавҷудияти заминаи хуби ҳуқуқӣ,  шаҳодати  устувор  будани фазои  инвистисинонӣ  дар  Тоҷикистон ва вилояти Суғд мебошад. Дар вохурӣ ҳамчунин роҳбари Палатаи саноат ва савдои вилояти Суғд Мақсудҷон Зиёбоев низ ширкат намуда изҳор дошт,ки имкониятҳои шаҳри Хуҷанд дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ    қобили таваҷҷуҳ аст.

Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой  Каримов зикр намуд,ки айни замон лоиҳаҳои инвистисионӣ дар  соҳаи коркарди мева ва сабзавот,таъсиси ширкатҳои хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, коркарди партовҳои маишӣ ва биоорганикӣ, рушди  сайёҳӣ  омодаи корбарӣ ҳастанд.  Соҳибкорони хориҷӣ ҳавасмандии худро доири лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Раиси  шаҳри Хуҷанд  баён дошта ваъда доданд , дар муҳлатҳои кутоҳтарин ин пешниҳодҳоро мавриди  корбарӣ қарор хоҳанд дошт. Роҳбари Палатаи савдо ва саноати Словакия ва  Тоҷикистон    Ян Турчок пешниҳод шуд, ки шаҳри Кошица  бо шаҳри Хуҷанд  бародаршаҳр гарданд. Тарафайн  ба мувофиқа расиданд ки ин пешниҳодро мавриди омузиш қарор  медиҳанд.  Дар анҷоми суҳбат  Раиси шаҳри Хуҷанд ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ  супорид.