(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

ТпбрикотРаиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  бо мақсади табрики бошандагони Хонаи пиронсолони маркази вилоят   ташриф овард. Барои   58 нафар истиқоматкунандагони  ин хона  бахшида ба ҷашни Истиқлолият  дастурхони  идона  ороста шуд. Дар оғоз  Раиси шаҳр  ҳозиронро бо иди фархундаи миллат аз номи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик намуд. У  қайд намуд, ки  шароити будубош саломатии сокинони хонаҳои пиронсолон ва шахсони имконияташон маҳдуд ҳамеша зери назорат ва таваҷҷуҳи бевоситаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода аст.  Сипас  суханҳои  шодбоширо  аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Абдуллоҷон   Мансуров Сардори Раёсати  хизматчии давлати дар вилояти Суғд    ба самъи ҳозирин  расонд.

Ба  ду нафар аз сокинони ин  хона -  Саид  Бобоеви  86 сола  ва     Л. Лученкои 82 сола,ки  чанде пеш  ақди никоҳ  баста буданд  Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Каримов  орзуҳои нек намуда, ба онҳо туҳфаи хотиравӣ супорид.

Аз шумораи умумии   бошандагони Хонаи пиронсолон  22 нафарашон шахсони барҷомонда мебошанд. Раиси шаҳри Хуҷанд бо ҳайати ҳамроҳонаш бо онҳо  дар ҳуҷраҳои истиқоматиашон   суҳбат намуда бо шароити зист ва таъминоти ҳамаҷонибаи онҳо шинос шуд. Ба Сарвари ҳонаи пиронсони шаҳри Хуҷанд  Нуриниссо Комилова супориш дода шуд,ки нисбати ин гуна сокинон  парасторӣ ва ғамхории хоса зоҳир намоянд.

Ёдовар мешавем ки ин гуна чорабинӣ боз дар 5 дигар муассисаҳои иҷтимоии шаҳри Хуҷанд имруз сурат гирифт.