(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Иди Истиқлолият дар муассисаҳои иҷтимоӣДар арафаи ҷашни 22 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд  дар 6  муассисаҳои иҷтимоӣ, аз қабили мактабу хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон,хонаи кудакон  муассисаҳои махсуси томактабӣ,мактаби бачаҳои ятим ва маъюб, чорабиниҳои идона  пешбинӣ  карда шудааст.

Чорабинии мазкур,ки   дар ҳамаи муассисаҳои зикргардида санаи  03 сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, аз ҷониби  ширкату муассисаҳои вобастакардашуда  барои ниёзмандон дастурхони идона ороста шуда, ҳамзамон кумаки яквақтаи моддӣ низ расонда мешавад.

Дар маҷму ъ  300 нафар ниёзмандон  аз  кумаки идона баҳраманд хоҳанд шуд.