(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Омодагӣ ба соли нави хониш вусъат дорадДина дар майдони пешорӯи китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ярмарка-фурӯши лавозимоти хониш  барпо шуд, ки дар он  директорони мактабҳо ва муовинони онҳо, роҳбарони корхонаҳои саноати сабук, ки масъул ба дӯхтани либоси ягонаи мактабианд, ҳамчунин, мудирони бахшу идораҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дигар ашхоси масъул ба ташкили ин чорабинии муҳим ширкат карданд. Расми кушоди ярмарка оҳанги тантанавӣ дошт ва монанд ба иди муллимону хонандагон буд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов  дар ибтидои сухан омӯзгорону шогирдони онҳоро бо оғози амали ярмарка самимона табрик гуфт ва изҳори боварӣ кард, ки ҳамагон ба соли нави хониш бо тайёрии пухта меоянд.

Раиси шаҳр ҳамчунин, рӯҳбаландии сокинони шаҳрро аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд. Таъкид кард, ки ин Паём оинаи пешрафту тараққиёти кишварамон буда, ба сифати маромномаи ватандӯстӣ ва башорат аз ояндаи саодатмандонаи миллат моро ба сӯи созандагиҳои бузург раҳнамун месозад.

Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар соҳаҳо  ҷиҳати рушду инкишофи мактабу маориф фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда,  изҳор доштанд, ки  «...давлату ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро муттасил идома медиҳанд. Мақсади ниҳоии мо таъмини зиндагии шоиста барои ҳар як сокини мамлакат мебошад ва итминони комил дорам, ки мо ба ин ҳадафи худ тадриҷан муяссар мегардем».

Бояд таъкид дошт, ки насли даврони истиқлол бо ҳама буду набудаш таърихсоз ва тақдирсози халқу миллат хоҳад буд, таъкид кард Раҷаббой Аҳмадҷонович, аз ин хотир ташаккули шахсияти нав бевосита ба мо   падарону модарон, муаллимону мураббиён ва кулли ҷомеа алоқаманд аст. Зеро маҳаки тарбия дар ниҳоди маънии оила ва мактаб маҳфуз мебошад. Ҳини расми кушоди ярмаркаи лавозимоти хониш аз ҷониби Раиси шаҳр қайд шуд, ки дар ҳама давру замон мактабу маориф мақом ва мавқеи хосаро соҳиб аст. Муҳимаш, муассисаҳои маорифи шаҳр ин рисолати худро бо маром иҷро мекунанд.

Фаромӯш набояд кард, ки муайян намудани хонандагони болаёқату соҳибистеъдод ва таълиму тарбияи ҳаматарафаи онҳо яке аз вазифаҳои асосии мактаб, ҷомеаҳои омӯзгорӣ ва кормандони соҳаи маориф маҳсуб мешавад. Бо ин мақсад дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумии шаҳри Хуҷанд  пешрафти толибилмони лаёқатманду боистеъдод зери назорати ҷиддӣ қарор дода шудааст. Натиҷаи ҳамин тадбирҳо буд, ки хонандагони лаёқатманди мактабҳои шаҳр дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ сатҳи баланди дониши худро нишон дода, ба гирифтани 18 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси ҷумҳурӣ аст.

Бобати ташаккул додани шавқу завқи хонандагон ба омӯзиши илму маърифат, ҷалби бештари онҳо ба тадқиқоти илмӣ, навиштани мақолаю гузоришҳо ва дар ин замина дарёфт намудани хонандагони болаёқату соҳибистеъдод озмуни ҷумҳуриявии сессияи   «Академияи   хурди   илмҳо» баргузор гардид, афзуд бо ифтихор Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов, аз 23 нафар иштирокдорони озмун  2 нафар ба мақоми  узви ҳақиқӣ, 4 нафар ба дараҷаи аъзо корреспондент расиданд, 10 нафар хонандагон соҳиби ҷойи якум, 4 нафар ҷойи дуюм, 3 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Раҷаббой Аҳмадҷонович Каримов пиромуни зарурияти таҷдиди техникии муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла, бо компютер таъмин кардани мактабҳо, кушодани синфхонаҳои компютерӣ ҳам ҳарф зад, ки ин амал бо ҳидояти Президенти кишвар сурат мегирад ва он боиси муваффақиятҳои соҳаи таълиму тарбия мегардад.

Айни замон дар мактабҳои шаҳр 75 синфхонаи компютерӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия мадади назаррас мерасонад. Ба ҳар 12 нафар хонандагони синфҳои 7-11-ум як адад компютер рост меояд. Компютерҳои мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.

Имрӯз барои инкишофи ҷисмонӣ ва маънавии насли наврас, таҳсилу фароғати кӯдакону бачагон ва наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Инро дар мисоли фаъолияти беш аз пеш рушдёбандаи мактабу кӯдакистон, муассисаҳои беруназмактабӣ, толору майдончаҳои варзишӣ, истироҳатгоҳҳои мавсимии бачагона дидан мумкин аст.

Имрӯз ба ярмаркаи лавозимоти мактабӣ ҶММ КМ «Текстил-сити»,Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Сатн», корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва «Нику Хуҷанд», корхонаи «Наргис»,Ҷамъияти саҳомии «Зинат» ва Муассисаи таълимӣ-иҷтимоӣ ва офиятии карҳои №3 маҳсулоти худро баровардаанд, ки асосан либоси мактабӣ мебошанд.

Раиси шаҳр қайд кард, ки таълиму тарбияи насли наврас доиман мадди назари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Алҳол дар шаҳр 2,5 ҳазор нафар кӯдакон барои дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таълим гирифтан навбат мепоянд. Маҳз бо дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр бо ҳазор ҷой бо арзиши 20 миллион сомонӣ кӯдакистони президентӣ сохта шуд. Ба қарибӣ як кӯдакистони нав мавриди истифода қарор гирифта буд. Бо ташшаббуси мактаби «Иршод» бошад, дар микроноҳияи 28-ум бо 150 ҷой кӯдакистон бунёд хоҳад шуд. Пас метавон гуфт, ки дар панҷ соли минбаъда проблемаи ҷой барои кӯдакон дар шаҳри Хуҷанд пурра ҳал мешавад.

Дар ниҳоят Раиси шаҳр ва Муҳиддини Хоҷазод, Аҳмадҷони Раҳматзод, Маъруф Бобоҷон барин як гурӯҳ адибон аз номи Президенти Тоҷикистон ба 200 нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат сару либоси мактабӣ тӯҳфа карданд.

Либос ва лавозимоти хониш дар ярмарка назар ба бозор даҳ фисад арзон аст.

Дар шаҳр омодагӣ ба соли нави хониш бовусъат ҷараён дорад.