(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Корҳои ободонӣ идома дорадБо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд идома дорад. Субҳи 4 август мумфаршкунии кучаи ба номи Хайри Раҷабоваи маркази вилоят бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва пирону сокинони кучаи мазкур шуруъ  шуд. «Сиёсати ободкоронаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии пайвастаи Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода   моро водор мекунад ки ҳамеша ва  якҷоя баҳри ободиву зебогии   диёрамон камари ҳиммат бандем» - қайд намуд Раиси шаҳри Хуҷанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки  барои мумфаршкуни ва обод намудани кучаҳо саҳми бошандагони маҳаллаҳо  калон аст. Зеро онҳо тариқи ҳашар ҳамроҳи роҳсозон  дар корҳои  ободонӣ саҳм гузошта истодаанд.

Лозим ба ёдоварист, шаш кучаи шаҳри Хуҷанд мумфарш гардида, дарозии умумии онҳо наздик 10 км–ро ташкил медихад. Хамзамон  таъмири роҳравҳо рангубори бинохои маъмурӣ ва истиқомаматӣ бо мақсади ҳусни нав бахшидан ба симои маркази вилоят ба истиқболи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суръати том  идома дорад.