(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар асоси дастури Сардори давлат: Коргоҳи нави «Нассоҷи Хуҷанд»Дар арафаи солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ба кор даромадани боз як корхонаи саноатӣ - Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Нассоҷи Хуҷанд» далели амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро, дар Паёми имсолаи Сарвари мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи миёнамӯҳлат бунёди зиёда аз 200 корхонаи нави саноатӣ ба маблағи қариб 4 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Бо ин мақсад зиёд кардани иқтидори содироти кишвар тавассути рушди истеҳсолоти саноатӣ ва коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, беҳтар намудани инфрасохторе, ки ба тараққиёти соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук ва хӯрокворӣ равона шудааст, зарур мебошад».

Дар асоси дастури Сардори давлат: Коргоҳи нави «Нассоҷи Хуҷанд»Корхонаи нави «Нассоҷи Хуҷанд» дар замимаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Текстил-Сити» бунёд гардида, он ресмони пахтагин истеҳсол менамояд. Айни ҳол дар ин ҷо корҳои васлкунии таҷҳизот ба итмом мерасад.

Сарвари бригадаи васлгарон Тоҳирҷон Қаҳҳоров иброз дошт, ки коргарон Fафурҷон Дӯстматов, Ҷамшед Алиназаров, Абдуғанӣ Юсуфов, Абдувоҳид Раҳимов дар васл кардани дастгоҳҳои хориҷӣ таҷрибаи бой доранд.

Ҳамзамон, бонувон Шафоат Юсуфова, Нигина Файзуллоева, Таҳмина Худойбердиева дугҳои дастгоҳи ресандагиро барои васл ба таҷҳизот омода карданд.

Дар бозори ҷаҳонӣ солҳои охир талабот ба риштаҳои ҳалқагӣ бештар гаштааст. Корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» низ бо ҳамин мақсад бунёд гардида, соле барои истеҳсоли 2,5-3 ҳазор тонна ресмон назардошт шудааст. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он қариб 300 нафар сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои атроф соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд. Минбаъд пас аз васли дастгоҳҳои бофандагӣ аз ресмони истеҳсолшуда матоъҳои техникӣ бофтанием, ки он дар бозори ҷаҳон харидорони худро дорад, бо самимият доир ба нақшаҳои ояндаи корхона нақл кард, мутахассиси варзидаю собиқадори соҳаи саноати сабук Толибҷон Мамадҷонов. Ва афзуд, ки дар оянда маҳсулоти истеҳсолкардаро ба давлатҳои муштаракулманофеъ содирот карданианд.

Дар асоси дастури Сардори давлат: Коргоҳи нави «Нассоҷи Хуҷанд»Алҳол дар корхонаи «Нассоҷи Хуҷанд» дастгоҳҳои шонакунӣ, ҳаллоҷӣ, пилтаресӣ, ресандагӣ омодаи кор буда, онҳо нахи пахтаро ба риштаи аълосифат табдил медиҳанд. Дастгоҳҳо аз мамлакатҳои хориҷаи Япония ва Италия оварда шудаанд, ки онҳо бо қувваи ками барқ маҳсулоти хушсифати ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ истеҳсол менамоянд.

Албатта, ба фаъолият шурӯъ кардани истеҳсолоти замонавӣ ба масъалаи рушди иқтисодии мамлакат, беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, ғанӣ гаштани буҷаи давлат, таъмини аҳолӣ бо ҷои кор мусоидат хоҳад кард.

Минбаъд домони фаъолияти корхона фарох гардида, имконият фароҳам меорад, ки боз 300 ҷойи нави корӣ таъсис дода шавад.