(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Қадршиносӣ: Масрур аз таҷлили ҷашн

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дастгириву пуштибонӣ ва қадршиносиву ғамхорӣ дар ҳаққи ашхоси воқеан, меҳнатқарину заҳматнописанд ва ободгару меҳанпараст тадбирҳои саривақтӣ ва мушаххас меандешанд. Ин аст, ки иди касбии кормандони соҳоти мухталифи хоҷагии халқ ба таври сазовору шоиста таҷлил мегардад.

Исботи ин гуфтаҳо таҷлили бошукӯҳи Рӯзи кормандони соҳаи савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳар сол санаи 3-юми июн доир мегардад, маҳсуб мешавад.

Қадршиносӣ: Масрур аз таҷлили ҷашн

Чорабинии идона, ки ин навбат дар сатҳи хеле баланди ташкилӣ ва дар чанд соли охир бори нахуст бо шукӯҳу шаҳомати бузург санаи 4-уми июн дар Кохи фарҳанги ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардид, кулли кормандони соҳаро ба ҳам овард. Эшон давоми чанд соат бо ҳам буданд ва аз олами музайяни нафосату зебоӣ ҳаловат бурда, аз суруду таронаҳои рӯҳнавозу дилпазир баҳраманд

шуданд.

Қадршиносӣ: Масрур аз таҷлили ҷашн

Дар назди ҷамъомадагони толор нахуст Раиси шаҳриХуҷанд Раҷаббой Каримов сухани муборакбодӣ гуфта, аз ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ,

Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода нисбат ба ашхоси дар ҳақиқат ватанпарвару меҳнатдӯст ва фидоии касбу кори хеш ёдовар шуд.

Бояд қайд намуд, ки ободонӣ ва сарсабзиву хуррамии диёр, беҳбуди рӯзгори мардум ва рӯҳияи болидаи онҳо,  иброз намуд Раиси шаҳр, - аз сатҳи хизматрасонии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозо мегардад, ки ислоҳоти соҳа, тарзи корбарӣ ва хизматрасонии коммуналӣ мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда шавад.

Раиси Кумитаи соҳавии Иттифоқи касабаи вилояти Суғд Олимҷон Қобилов номаи меҳри Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоятро ба ҳозирин расонида, дар фаъолияти минбаъдаашон баҳри ободониву сарсабзӣ ва гулгулшукуфии диёри зарнисор барору музаффариятҳо таманно намуд.

Қадршиносӣ: Масрур аз таҷлили ҷашн

Дар вазъияти тантанавӣ ба 43 нафар кормандони пешсафу фаъоли Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд ва 20 нафар фаъолони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ Сипосномаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.

Ҳамзамон, ба 9 нафар кормандони соҳа Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи соҳавии Иттифоқи касабаи вилоят тақдим гардид.

Барномаи рангину пурҷилои консертӣ бо иштироки ҳунармандон-сарояндагону навозандагон ва раққосони товусхироми ансамблҳои Кохи фарҳанги ба номи устод Рӯдакӣ хеле ҷаззоб ва диданӣ буд.