(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлил: Давраи хуши кӯдакӣРӯзи гузашта, санаи 1-уми июн боғи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд воқеан, ба макони дилфиребу музайян мубаддал гардида буд. Зеро, аз субҳи барвақт ҳазорон нафар кӯдакону наврасон бо ҳамроҳии волидайн на танҳо аз шаҳри Хуҷанд, балки аз шаҳру навоҳии дигари вилояти Суғд баҳри таҷлили сазовори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ин мавзеи хушбоду хушманзара омада, сайру гашт намуданд.

Нахуст роҳбарони вилояту шаҳр аз растаҳои омодакардаи кӯдакону наврасон, тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ, хонандагони мактабҳои миёнадидан намуда, ба маҳсули меҳнат ва эҷоди дӯстрӯякон баҳои баланд доданд.

Таҷлил: Давраи хуши кӯдакӣДар саҳнаи идонаороёфтаи боғ, ки садҳо нафарро барои тамошои барномаи рангини фарҳангӣ фаро гирифта буд, муовини Раиси вилоят Мавҷуда Бобоева ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов назди ҳозирин сухани меҳр гуфтанд.

Тибқи дастуру супоришоти Ҷаноби Олӣ, Презиленти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд, - Таҷлил: Давраи хуши кӯдакӣиброз намуд Мавҷуда Бобоева чорабиниҳои мухталифи фарҳангиву маърифатӣ ва варзишӣ доир мегарданд. Дар асоси қарори махсуси Раиси вилоят, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар боғи «Наврӯзгоҳ» бо ҷалби наздик 10 ҳазор кӯдакону наврасон тантанаи бошукӯҳи идона сурат мегирад, ки алҳол шоҳиди он ҳастем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов низ зимни табрики ҷамъомадагон қайд намуд, ки дар ҳақиқат кӯдакон ғунчаҳои гулшани ваҳдатанд. Моро зарур аст, ки нисбат ба Таҷлил: Давраи хуши кӯдакӣояндаи онҳо бетараф набошем ва пайваста баҳри хушнудиву шоиста ба воя расиданашон кӯшиш ба харҷ диҳем.

Бо иштироки наврасону кӯдакони беғашу маъсум барномаи консертӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат дар Ватан, ободиву озодии мардум, давраи хушу зебои бачагона буд, табъи тамошобинонро хеле болида намуд.

Ҳамин тавр, сайру гашти шаҳрвандон, бахусус, кӯдакону наврасон дар боғҳои фарҳангу фароғати «Наврӯзгоҳ» ва ба номи Камоли Хуҷандӣ то дер идомаи кард ва дар хотирашон нақш баст.