(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобонДар театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар доираи ҳафтаи “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” мавсими ниҳоии мусобиқаи “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” баргузор гардид. Дар он панҷ даста аз донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Душанбе ҳунарнамоӣ карданд ва бо баҳои аъзои ҳакамон ҷойи аввал насиби дастаи “Мент”-и факултаи чоруми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи дуюм насиби дастаи “Тяҷолий случай”-и Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва ҷойи сеюм насиби “Новая волна”-и Донишкадаи кӯҳӣ-металургии шаҳри Чкалов гардид. Баъди анҷоми мусобиқаи ниҳоии “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” бори аввал нишасти матбуотӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори омма доир гашт. Дар он роҳбарияти ТҶҶ “Лигаи хуҷандии хушдилон ва ҳозирҷавобон” ва сардори дастаҳо ба саволҳои хабарнигорон посух доданд. Дар оғози нишасти матбуотӣ Раиси фахрии “Лигаи хуҷандии хушдилон ва ҳозирҷавобон” Бахтиёр Қосимов дар бораи баргузории ин озмун маълумоти муфассал дод ва аз ҷумла қайд намуд, ки дар оғози он сенздаҳ дастаи гуногун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок карданд. Аз ҷумла, ду даста бори аввал аз шаҳри Душанбе низ иштирокчии он буданд, ки яке аз онҳо дастаи “Муҷской монастир”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон то мавсими ниҳоӣ расиданд. Умед аст, ки мавсими нави он маҳфили байналмилалии хушдилон ва ҳозирҷавобон мегардад ва дар он дастаҳо аз Қирғизистону Қазоқистон ва Екатеринбург низ иштирок мекунанд.

Роҳбари “Лигаи хуҷандии хушдилон ва ҳозирҷавобон” Нозимҷон Раҷабов низ дар бораи фаъолияти он маълумот дод. Аз ҷумла, қайд намуд, ки дар мавсими мазкур ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ новобаста аз мушкилиҳо то қадри имкон хуб ҳунарнамоӣ карданд ва мавқеи худро дар ин ҷода нишон доданд.

Ҳамчунин, қайд гардид, ки барои аъзои ин маҳфил ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо фестивали тобистона баргузор мегардад, то дӯстдорони ин соҳа дар мавсимҳои оянда беҳтару хубтар баромад намоянд.

Хабарнигорон Шероз Шарифов аз “Азия-плюс”, Раҳимҷон Аҳмадов аз радиои “Садои Хуҷанд”, Ситора Юсуфова аз радиои “Тироз” ва дигарон ба суолҳои худ оид ба баргузории маҳфили мазкур посух гирифтанд.