(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Ҳисобот: Комиссияи доимӣ дар амалБо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов маҷлиси комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд баргузор гардид.

Мудири бахш оид ба корҳои дини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Мӯъминҷон Орифов оид ба рафти фаъолияти комиссияи доимӣ ва самараи он ҳисобот дод. Гуфт, ки комиссия бо ҳамдастии раисони кумитаи маҳаллаҳо ва қитъаҳо, раисони комиссияҳои ҷамъиятии корхонаю муассисаҳо ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо корҳои зиёдеро анҷом дод. Ба шарофати ҳамин, имрӯз дар шаҳри Хуҷанд гузаронидани маъракаю маросимҳо ва анъанаҳои ниёгони мо барои ҳамаи табақаҳои аҳолӣ дастрас шудааст.

Дар панҷ моҳи соли равон бо мақсади таҳлили вазъи иҷроиши қонун як ҷаласаи аъзои комиссия ва вобаста ба масъалаҳои умумии соҳа 4 ҷаласаи ғайринавбатӣ баргузор кардем, афзуд М.Орифов, маълум шуд, ки дар ин муддат 565 тӯйи арӯсу домод, 377 хатнасур, 289 маъракаи чил ва чил маъракаи сол гузаронида шудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имсол нисбат ба ҳамин давраи соли 2012-ум маърака 106-то зиёд шудааст.

Ҳисобот: Комиссияи доимӣ дар амалБа гуфти Мӯъминҷон Орифов аъзои комиссияи доимӣ бо ҳамдастии кормандони прокуратураи шаҳр, ваколатдорони шӯъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 9 рейди назоратию санҷишӣ  гузарониданд ва бо рафти маъракаҳои мардум шинос шуданд. Ҳамагӣ шаш ҳодисаи сарфи назар кардани талаботи моддаҳои 8, 10 ва 14-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба назар расид. Ба гунаҳкорон ба маблағи 44 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, он ба фоидаи буҷети давлат рӯёнида шуд.

Вобаста ба масъала мудири маорифи шаҳр Акрам Аслонов, узви комиссияи доимӣ, раиси Шӯрои мутобиқгардонии фаъолияти кумитаи маҳллаҳо Сайфуллохон Ҳабибуллоев, роҳбари тӯйхонаи «Бахт» Абдураҳим Сангинов, раиси Шӯрои вилоятии уламои дин, имом-хатиби масҷиди «Шайх Маслаҳатдин» Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода ва сардори бозрасии давлатии автомобилии шӯъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд, капитани милитсия Зокир Шарифов  ибрози назар карданд.

Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов дар ҷамъбасти маҷлис  вазифаҳои минбаъдаи комиссияи доимӣ ва комиссияҳои ҷамъиятии назди корхонаю муассисаҳоро аз рӯи ҳашт банд мушаххасан нишон дод ва изҳори бовар кард, ки мардуми шаҳр ҳангоми гузаронидани анъана ва ҷашну маросимҳо нишондодҳои қонунро ба таври намунавӣ ба иҷро мерасонанд.