(1 голос, среднее 5.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

«Донояк» - ШукронахонТибқи нақшаи шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади иҷрои фармони Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пиромуни гузаронидани озмуни вилоятӣ таҳти унвони «Fунчаҳои истиқлол» тадбирҳо амалӣ шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани дараҷаи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва бо ин васила ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, дарёфт намудани кӯдакони эҷодкор, соҳибистеъдоду лаёқатманд, ба остонаи маърифат раҳнамун сохтани писаракону духтаракон ва ба муносибати Рӯзи байналхалқии ҳимояи кӯдакон дар кӯдакистони рақами 36 озмуни доноякони муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Хуҷанд бо номи «Донояк» баргузор карда шуд.

Шӯъбаи маорифи шаҳр барои он, ки дар ҷараёни озмун нофаҳмие рӯ назанад, ба дараҷаи сифатии ҳайати ҳакамот эътибори ҷиддӣ дод. Дар натиҷаи хоста гирифтан мудири мактаби мусиқии бачагон Нуриддин Каримов,мудири мактаби мусиқии сеюм Иномҷон Мӯъминов, роҳбари мусиқии муассисаи таҳсилоти томактабии №36 Нодира Ёрматова, мудири утоқи методии шӯъбаи маориф Мавсума Носирова ва мушовирони шӯъбаи маориф оид ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ Маърифат Ризоева ва Тӯҳфа Мамадҷонова ҳакам пазируфта шуданд. Маҳз онҳо ҳайати ҳакамотро пурқувват намуданд ва ба шарофати ин шартҳои озмун хеле мушаххас ва ибратбахш гардонда шуд.

Ҳарчанд шартҳои озмун ба дараҷае душвор буданд, ҳакамон ба саломнома, офаридани нақшҳои қаҳрамонони афсонаҳои халқи тоҷик, дарк кардани меҳри модар ва онро бо расмҳо ифода намудан, маҳорати сурудхонӣ, шеъргӯӣ ва тарзи рақсидани тарбиятгирандаи кӯдакистони рақами12 Шукронахон Шодиева ва моҳирона тарғиб шудани либоси миллии туёна аз ҷониби ӯ баҳои баланд доданд.

Духтарак ҳаққонӣ ба санъат дода шудааст, таъкид кард мушовири шӯъбаи маорифи шаҳр Маърифат Ризоева, ӯро зеҳн хеле тез аст. Мазмун вай дар омӯхтани дониш ва соҳиб шудан ба маърифатнокӣ ба бобояш, физики машҳур, устоди устодон Муҳаммадҷон Зарифов пайравӣ мекунад.

Озмун ҷамъбаст шуд. Аъзои ҳакамот ғолибиятро ба Шукронахон сазовор донист ва ӯ соҳиби Ифтихорнома ва тӯҳфаи хотиравӣ гардид.

Бисёр духтаракон мехостанд ба мисли Шукронахон доно, зирак ва хушзеҳн бошанд.

Fолиби се ҷойи аввал ба озмуни вилоятии «Fунчаҳои истиқлол» омодагӣ мебинанд.