(2 голоса, среднее 4.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Варзиш: Fалабаи боксчиёни ХуҷандВарзишгарони 16-солаи хуҷандӣ Ҳамза Сулаймонов ва Далер Ҳусейнов чанде пеш аз шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргаштанд. Онҳо дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди бокс байни наврасони солҳои таваллудашон 1997-1998 иштирок намуда, сазовори ҷои дувум гаштанд. Мусобиқа санаҳои 13 - 22-юми апрели соли равон доир гардид. Ба қавли мураббии онҳо Баҳром Усмонов «ин ду варзишгари ҷавон 5 сол инҷониб пайваста барои омӯхтани ин намуди варзиш машқу тамрин мекунанд ва ҳамзамон дар якчанд мусобиқаи ҷумҳуриявию берун аз кишвар ширкат варзида, ҷойҳои намоёнро соҳиб гаштаанд. Тасдиқи гуфтаҳо ин аст, ки Далер Ҳусейнов соли равон дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Русия доир гардид ҷои аввалро сазовор гашта буд. Дар оянда нақшаи мо ин аст, ки дар мусобиқаи байналхалқии шаҳри Тошканд ва пас аз он дар мусобиқаи байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Қазоқистон ё Федератсияи Русия доир мегардад, иштирок намоем. Дар ин радиф моҳи август мо дар Чемпионати ҷаҳон, ки дар Украина доир мегардад иштирок хоҳем кард ва бояд барои иштирок дар бозиҳои дуюми олимпии наврасон, ки соли 2014 дар Пекин баргузор мегардад, роҳхат бигирем. Воқеан, иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳониву осиёӣ барои мо аз нигоҳи иқтисодӣ кори осон нест ва ҳамеша кӯмакрасони мо МИҲД-и шаҳри Хуҷанд, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд ва ҳамзамон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст, ки мо-варзишгарон аз дастгирии онҳо сипосгузорем.»

Чуноне, ки мо иттилоъ пайдо кардем ҳамрадифи ин ду варзишгари номии ҷавон, дар мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон, ки аз соли 2003 инҷониб фаъолият мебарад 350 нафар варзишгарон таҳти роҳбарии 12 нафар мураббиён баҳри тамрину машқи намуди варзиши бокс фаро гирифта шудаанд. Тӯли ин солҳо дар мактаб 13 устоди варзиш 100  номзад ба устоди варзиш ва садҳо варзишгарони соҳибдараҷа ба камол расидаанд. Чун мо аз  чи гунагии шароити мактаби мазкур пурсон шудем дар ҷавоб роҳбари мактаб, сармураббии вилояти Суғд оид ба бокс, ки ҳамзамон раиси Шӯрои варзишгарони Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аст, гуфт: «Сол аз сол шароити мактаби мо беҳтар гардида истодааст, ки ин ҳам бо ёрдами бевоситаи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов аст ва дар ҷавоб бояд варзишгарони мо дар ҷаҳон байрақи кишварамонро боз ҳам баланд бардоранд».

Тарбияву ба камол расонидани ҷавонони варзишгар, ки бо дастгирии мақомоти маҳалливу вилоятӣ рӯи кор меоянд, боиси солимии ҷомеа ва пешгомии давлату ҳукумат хоҳад шуд.