(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таваҷҷӯҳи доимӣ ба кӯдакон.Ҳар сол санаи 3 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии шахсони имконияташон маҳдуд таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид 23 сол муқаддам дар ин хусус қарор ба имзо расонда буд. Албатта шахсони имконияташон маҳдуд ба ғамхории ҳамарӯза ниёз доранд. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода барои болида гардонидани рӯҳияи наврасони имконияташон маҳдуд ба Комплекси кӯдакистон-мактаби махсус барои кӯдакони қувваи босираашон суст ва нобинои шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, дар утоқҳои таълимӣ бо мураббию омӯзгорон ва тарбиятгирандагони ин макони маърифатӣ суҳбат кард. Кӯдакони гурӯҳи боғча дар васфи Ватан, Тоҷикистони маҳбуб шеърҳо хонданд ва Раҷаббой Аҳмадзода ба онҳо бозичаҳо тақдим намуд. Наврасони мактабхон Раиси шаҳр ва ҳамроҳонашро бо чеҳраи шод пешвоз гирифта, аз шароити мусоиди таълимӣ ҳарф заданд. Толибилми синфи 4-ум Тӯйчибой Мирсабуров афсонаҳои эҷодкардаашро ба ҳокими шаҳр хонда дод ва изҳор намуд, ки дар оянда ӯ ба мактаби олӣ дохил шуданист. Омӯзгори собиқадор Мавҷуда Аҳророва аз фаъолияти толибилмонаш дар самти азхудкунии алфавити Брайлӣ ва аз рӯи он саводнок шуданашон маълумот дода, зикр кард, ки шогирдаш Тӯйчибой Мирсабуров хонандаи аълохон буда, худ афсона эҷод менамояд. Қобилияти баланди зеҳнӣ дорад. Бародараш Шералӣ Мирсабуров низ ду сол қабл мактаби моро хатм карда, алҳол донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе мебошад.
Раҷаббой Аҳмадзода розу ниёзи ҳар толибилму омӯзгорро шунида, барои ҳалли муаммоҳояшон масъулинро вазифадор намуд. Ҳамзамон роҳбарияти шӯъбаи маориф ва мудири кӯдакистон ва мактабро муваззаф намуд, ки табибонро аз Маркази ташхисии чашми шаҳри Хуҷанд даъват намуда, ҳолати саломатии чашми ҳар як тарбиягирандаро ташхис ва ба МИҲД гузориш пешниҳод намоянд. Мувофиқи он бо дастгирии Сарвари давлат, Раиси вилоят ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин кӯдакони хирачашм ва қувваи босираашон суст ҷарроҳӣ ва табобат карда мешаванд.
Раиси шаҳр ҳамзамон аз ташхисгоҳи муолиҷавии ин мактаб - кӯдакистон дидан кард. Бо дастаи ҳаваскорони санъат, ки онро омӯзгор Миркамол Қобилов сарварӣ мекунад ва мақомхониро барояшон меомӯзад, суҳбати самимӣ орост.
Лозим ба ёдоварист, ки дар ин макони таълимӣ 27 нафар омӯзгор, 5 мураббӣ ба 90 нафар бачаи қувваи босирааш суст ва нобино таълим медиҳад. Наврасон сокинони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Fончӣ, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Бобоҷон Fафуров мебошад.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ошхонаю биноҳои ин кӯдакистон-мактабро аз назар гузаронида, дар хусуси бо системаи ягонаи гармидиҳӣ таъмин кардани таълимгоҳ ва таъмири он бо роҳбарияти шуъбаи маориф гуфтугузор кард.