(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Чавгонбозону човандозон маҳорати худро ба эрониён намоиш доданд.Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намудҳои варзиши қадимаю суннатии  мардуми тоҷик  чавгонбозӣ   аз нав эҳё мегардад.
Дар оғози соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сарвари давлат майдони чавгонбозӣ кушода шуда, он барои  баргузории мусобиқаи  чавгонбозон бо тамоми шароитҳои мавҷуда мавриди истифода қарор дода шуд.
Барои омода гаштани дастаи чавгонбозони вилоят бошад бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ 6 нафар завқмандони ин намуди варзиши ниёгон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон омӯзиши тахассусӣ гузаштанд. Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи тамрину шароитҳои мавҷуда раиси Федератсияи  чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон  Ҳамза  Элхонизода ва масъули Кумитаи фарҳанги Федератсияи чавгони ин кишвар Муртазо Ризонфар ба шаҳри Хуҷанд омаданд. Меҳмонони номбурдаро  ҳамчунин Раиси анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон  Алиасғар Муҷтаҳиди Шабистарӣ ҳамроҳӣ намуд.
Ҳайати меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази вилоят самимона истиқбол намуданд.
Ҳайати меҳмонон аз шароити  имрӯзаи майдони чавгонбозони вилоят ва аспҳои тозӣ ва чавгон дидан намуда, бо аъзоёни дастаи чавгони вилоят мулоқот анҷом доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода раиси Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамза Элхонизода ва меҳмонони дигарро бо дастоварди чавгонбозон ва сохтмони бинои нави  саисхона ошно намуд. Тибқи нақша дар баробари саисхонаи имрӯза, ки барои нигоҳдории 25 асп  пешбинӣ шудааст, бо тасмимусаҳми чавгонбозон ва човандозон сохтмони саисхонаи нав боз барои 25 асп оғоз ёфтааст. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд,ки алҳол сафи духтарони хоҳишмандони аспсаворӣ зиёд гашта, имрӯзҳо 8 нафар бонувони Хуҷанд ба омӯзиши чавгонбозӣ ва човандозӣ шурӯъ намуданд.
Ба ҳозирон мусобиқаи чавгонбозӣ ва маҳорати човандозони маҳаллӣ намоиш дода шуд.