(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Варзиш: Эҳёи намуди дучархаронӣСолҳои Иттиҳоди Шӯравӣ намуди варзиши дучархаронӣ хеле рушд карда, теъдоди зиёди дӯстдоронро ба ҳам оварда, дар майдон ё худ варзишгоҳи махсус – велотрек (назираш дар Осиёи Марказӣ вуҷуд надошт) мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида мешуданд.

Бо ҳадафи дубора эҳё намудани ин намуди варзиш дар базаи дучархаронии Мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд мусобиқаи кушоди шаҳри Хуҷанд барои дарёфти мукофоти Раиси шаҳри Хуҷанд ба ифтихори 68-солагии Рӯзи Fалаба дар ҶБВ-и солҳои 1941-1945 ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳадафи дигари мусобиқа ҷалб кардани ҷавонон ва наврасон ба ин намуди варзиш, муайян намудани дастаи мунтахаби вилояти Суғд, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни шаҳрвандон ва бо ин роҳ рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш буд.

Чуноне мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов иттилоъ дод, пас аз ҷамъбасти мусобиқаи мазкур, аз рӯи шарти дучархаронӣ дар масофаи 200 метр байни ҷавонон ҷойи якум насиби Ҷалол Раҳимов, ҷойи дуюм насиби Аминҷон Варзиш: Эҳёи намуди дучархаронӣСаломов ва ҷойи сеюм насиби Муҳаммад Солеҳҳов гардид. Дар ҳамин масофа байни бачагони дучархарон Дилшод Аҳмадов сазовори ҷойи якум, Далер Савостиянов сазовори ҷойи дуюм ва Мирзоалӣ Эмомалӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар масофаи 500 метр байни ҷавонон  Аминҷон Саломов соҳиби ҷойи якум, Меҳроб Давлатов соҳиби ҷойи дуюм ва Ҷалол Раҳимов соҳиби ҷойи сеюм дониста шуданд. Fолибонро дар вазъияти тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо Ифтихорнома, медал ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонд.