Навгонӣ

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохӯрӣ бо варзишгаронДар Қасри фарҳанг вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо варзишгарони шаҳр доир гардид. Раиси шаҳр сараввал аз вохӯрии Раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бо варзишгарони вилоят ёдовар шуда, иброз намуд, ки аз ҷониби давлату ҳукумати мамлакат ва вилоят ба соҳаи варзиш ва кормандони он эътибори бештар аз пештар зоҳир карда мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов оид ба дастовардҳои варзишгарони шаҳр дар се моҳи аввали соли равон сухан карда, миннатдори худро ба варзишгарон расонд ва гуфт, ки бояд варзишро оммавӣ гардонем. Масъалаи пешбурди варзиш аз ҳар яки мо вобаста аст. Дар ин ҷода мо бояд ҷавононро ҳаматарафа тарбият намоем, ки дар оянда онҳо фахри шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ бошанд. Дар вохӯрӣ намояндагони мактабҳои варзишӣ ва варзишгарони маъруф ҳузур доштанд.

(5 овоз, миёна 3.40 аз 5)

Солҳои охир таваҷҷӯҳи роҳбарони давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллӣ ба таълиму тадриси толибилмон дар мактабҳои миёна бештар гардида, маорифчиёнро водор месозад, то дар ин самт кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд.

Ин аст, ки устодону омӯзгорони мактабҳои шаҳри Хуҷанд ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ мушарраф мегарданд. Дирӯз гурӯҳи калони хонандагон аз шаҳри Душанбе, аз олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки аз 12-ум то 22-юми апрели соли равон аз рӯи фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ баргузор гардид, бо ғалабаи бузург баргаштанд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки бо иштироки хонандагони синфи 11-уми ҳамаи намуди мактабҳо сурат гирифт, толибилмони шаҳри Хуҷанд ба гирифтани 14 ҷой, аз ҷумла, 2 ҷойи якум, 7 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюм сазовор шуданд. Ин нишондиҳанда дар миқёси вилояти Суғд ва ҷумҳурӣ беҳтарин арзёбӣ мегардад. Зеро, хонандагони шаҳри Исфара 11 ҷойи ифтихорӣ ва ноҳияи Б.Fафуров 12 ҷойи ифтихориро соҳиб гаштанд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Илм ва аёт: Конфронси илмии устодону донишҷӯёнАз санаи 13-ум то 20-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров ҳафтаи конфронсҳои илмӣ гузаронида шуданд. Дар факултети филологияи тоҷик низ ба монанди факултетҳои дигар конфронси илмии устодону олимони ҷавон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Устодони кафедраи ҷурналистика ва назарияи тарҷума дар конфронси апрелӣ 10 маърӯзаи пурмӯҳтаворо бо ҳам шуниданд. Бахусус, дотсентон Муҳибахон Зикриёева, Мутрибахон Мавлонова, номзадҳои илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова, Абдуқодир Шехов, сармуаллимон Дилбар Самадова, Каримбой Комилов ва дигарон бо маърӯзаҳои илмии хеш баромад карданд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлил: Раҳнамо  ва  кони  маъноУстод, омӯзгор, муаллим, мураббӣ воқеан, инсоне мебошад раҳнамо, дилёб, меҳрубон ва сахтгиру қавиирода. Албатта, дар сурати масъулиятшинос ва нисбат ба касбу вазифаи хеш содиқ бошад.

Яке аз омӯзгорони фидоии касбу кори хеш, ки ним аср инҷониб баҳри таълиму тадриси наврасону ҷавонон заҳмат кашидааст, Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимахон Мӯъминова мебошанд.

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ҷашни 75-солагии зодрӯзи машъалафрӯзи соҳаи маориф Н.Мӯъминова дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12-уми шаҳр ботантана таҷлил гардид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Маҳфили «Ганҷи сухан»: Ганҷи  бештари  суханДар факултети рассомӣ-графикии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров маҳфили  навбатии  «Ганҷи сухан» бахшида ба 135-солагии Сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ ва 60-солагии Раиси шӯъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят Аҳмадҷони Раҳматзод  баргузор гардид.

Сараввал муовини аввали Раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов сухан кард. Бо баробари ширкати ҳамаи устодони факултетҳои ДДХ чанд адибон низ иштирок намуданд. Номзади илмҳои филология, дотсент Нурулло Fиёсов дар бораи навгониҳо илму адаб баромад намуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...