Навгонӣ
23 Июл 2013
Корҳои ободониву созандагӣ аз қадим мароми миллати тоҷик буд, ҳаст ва хоҳад монд. Эълон гардидани 300 рӯзи ободонӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳр бо иқдоми наҷиби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов исботи гуфтаҳои болост. Ин ташаббусро сокинони кӯчаҳои ба номи Содирхон Ҳофиз ва Таги садаи маҳаллаи ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд якдилона дастгирӣ намуда, кӯчаҳои номбурдаро, ки масофаи 1000 метр (як километр)-ро дарбар мегирад, бо қувваи хеш мумфарш намуданд.
Дар рӯзи ҳашари мумфаршкунӣ Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов иштирок карда, барои чунин иқдоми нек ба сокинони маҳалла арзи сипос намуд ва ин амалро намунаи олии ватандӯстиву меҳанпарастӣ номид.Муфассал... Шарҳ додан







