Навгонӣ

(6 овоз, миёна 3.83 аз 5)

Сокинони шаҳри Хуҷанд дар корҳои мумфаршкунӣ саҳм мегиранд.Ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавриди тариқи ҳашар обод намудани кӯчаҳои маҳаллаҳои маркази вилоят аз ҷониби сокинон пайваста дастгирӣ меёбад. Чанде пеш бо чунин ташаббус сокинони кӯчаҳои ба номи Белинский ва Руставели ба Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода доири ба тариқи ҳашар асфалтпӯш намудани маҳалли зисташон муроҷиат намуда буданд. Бо дастгири Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯз дар кӯчаҳои номбурда корҳои мумфаршкунӣ оғоз ёфтанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар расми оғози корҳои ободонӣ дар ин кӯчаҳо иштирок намуда, барои дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати мумфарш намудани тамоми кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ва иҷроиши барномаи роҳҳои обод - «Соли 2014 - соли роҳҳои обод», ки аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ эълон шудааст, изҳори сипосмандӣ намуд.

Семинарии омӯзишии зидди нашъамандӣ.Бо ташаббуси Бахши ҷавнон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Пешгирии сӯистеъмоли маводи нашъовар ва муқобилият бо гардиши ғайриқонунии он» доир гардид.
Дар он  наздик 40 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Хуҷанд, гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Хуҷанд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Дар семинар нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентӣ Шӯҳрат Абдуллозода вобаста ба мавзуи семинар баромад намуда, доири оқибатҳои тиббӣ-иҷтимоӣ ва ҳуқуқии нашъамандӣ, барномаи ҳукуматӣ оид ба пешгирии нашъамандӣ, роҳҳои пешигирии нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим маълумот дод.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар кӯчаҳои «Дӯстии халқҳо» ва М.Хуҷандӣ мумфаршкунӣ идома дорад.Дар кӯчаҳои «Дӯстии халқҳо» ва ба номи М.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд корҳои мумфаршкунӣ бовусъат идома доранд. Аз ҷониби Муассисаи давлатии истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд барои сари вақт ба анҷом расондани корҳои асфалтхобонӣ ҳамарӯза 10 нафар кормандон дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» роҳро тахту ҳамвор ва мумфарш менамоянд. Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем Роҳи мазкур, ки маҳаллаҳои собиқи 31-ум ва 32-юмро мепайвандад, яке аз роҳҳои таъмирталаби маркази вилоят маҳсуб мешуд.
Бо кӯмаку мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кӯчаи мазкур, ки наздики як километрро ташкил медиҳад, пурра асфалтпӯш карда мешавад. Пешбинӣ мешавад, ки роҳи мазкур то интиҳои ҳафта пурра аз таъмири хушсифат бароварда мешавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯчаҳои номбурда омада аз рафти кори роҳсозон ошно шуд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд гиппермаркети «Ашан» кушода мешавад.Имрӯз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Дидйе Леруа ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи ин кишварро, ки бо мақсади вусъати доираи фаъолият ба вилояти Суғд ташриф оварданд, мулоқоти расмӣ намуд.
Дар ҷараёни гуфтугӯи рӯ ба рӯ, ҷонибҳо масъалаҳои гуногуни ҳамкориҳои тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Маҳз ба туфайли ҳамин сиёсати ояндабини Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо сол то сол аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ рушд карда, таваҷҷӯҳи аксари ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият дар ин минтақа бештар гардидааст. Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 15 ширкатҳои фаронсавӣ фаъолият мекунанд. Тадбири мазкур бошад, идомаи ҳамин ҳамкориҳо мебошад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд беҳтар намудани сифати хизматрасонии идораи партовкашониро талаб намуд.Дар баробари ба сомон расондани корҳои ободонӣ ва гулзоркунӣ дар маркази вилоят Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар самти тозаю обод нигоҳ доштани шаҳр чораҳои ҳамарӯза менандешад. Бо фарорасии фасли гармо Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд фаъолияту ҷадвали кории худро ба мавсими тобистон мувофиқ намуд. Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолити корхонаи мазкур Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба ин муассисаи давлатии хизматрасонӣ омад.
Корхонаи мазкур мувофиқи ҷадвали кории худ дар се баст аз мавзеҳои гуногун партовҳоро ҷамъоварӣ менамояд. Барои ин кор 27 нақлиёти махсусгардонишуда ҳамарӯза вобаста буда, дар тамоми шаҳр 1300 қуттҳои партов гузошта шудаанд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...