Навгонӣ
05 Сентябр 2014
Бисту се сол муқаддам 9 сентябри соли 1991 муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омад, ки барои ҳар яки мову шумо иди муқаддас ва азизтарин маҳсуб меёбад.
Чуноне, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд, истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.
Бешак, дастоварди бузургтарини истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ, таъмини сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ мебошад.
Муфассал... Шарҳ додан







