Навгонӣ

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд омӯзгорони белорусро пазироӣ намуд.Баъди анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Белорус дар нимаи аввали соли равон ҳамкории ин ду кишвар сатҳу сифати нав пайдо намуд.
Ҷумҳурии Белорус аз кишварҳоест,ки даҳшати Ҷанги Бузурги Ватаниро дар сарзамини худ эҳсос намудааст. Дар набардҳои шадиди ин ҷанг чандин ҳазор фарзандони тоҷик қаҳрамониҳо нишон дода, қисми зиёди онҳо барои озодии ин миллату диёр қурбон шудаанд. Яке аз онҳо ҳамдиёри мо Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов аст.
Мардуми сипосгузори белрус номи ин қаҳрамонро ба яке аз кӯчаҳои пойтахти кишварашон - шаҳри Минск гузошта, мактаби миёнаи № 35 ҳам номи ин марди шуҷоъро дорад.

(3 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд кормандони тибро табрик намуд.Бахшида ба Рузи табибон дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҳамоиши идонаи табибон баргузор гардид. Дар он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуда, тамоми табибон ҳамшираҳои тиббӣ ва кормандони соҳаи тандуоустии шаҳрро бо Рӯзи табибон табрик намуд.
«Равнақи соҳаи тиб рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлати мост. Иҷтимоӣ будани соҳаро Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом доштааст. Ин нукта дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид шудааст. «Дар ҳафт соли гузашта тамоюли иҷтимоии беҷети давлатӣ ҳифз гардида, ҳаҷми хароҷот барои соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 35 фоиз афзоиш ёфт ва ба 23 миллиард сомонӣ расид. Дар ҳафт соли оянда ҷиҳати ҳалли масоили иҷтимоӣ 70 миллиард сомонӣ равона карда мешавад».

Табрики Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи кормандони хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣДӯстони азиз!
Наҷотдиҳандагони ҳаёт ва молу амволи инсонҳо!
Боиси хушнудист, ки имсол таҷлили 20-солагии таъсисёбии Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ дар арафаи 20-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Ба ин муносибат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли кормандони ситодро муборакбод намуда, дар кори пурмасъулу заҳматталаб, вале пурифтихор барору комёбиҳо таманно дорад.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар замоне таъсис ёфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон нав дар фазои соҳибихтиёрӣ парвоз оuоз мекард. Ва инак, тайи ин қадар солҳо заминаи кадриву техникии он мукаммалтар гашта, таҳким ёфтааст. Ин имкон медиҳад, ки дараҷаи оперативии ситод баланд гашта, талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ кам шавад.

(2 овоз, миёна 4.00 аз 5)

Ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт.

Ҳамсола қабл аз оғози соли хониш дар шаҳри Хуҷанд ярмаркаи ҷиҳози хониш, либос ва дигар воситаҳои таълими мактабиён баргузор мегардад.
Шурӯъ аз имрӯз дар маркази вилоят шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши ашёи хониш ва либоси мактабӣ оғоз ёфт. Дар расми кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва баромад намуд.Раиси шаҳри Хуҷанд аз маҳсулоти пешниҳод намудаи нуқтаҳои фурӯш дидан намуда, ба фурӯшандаҳо тавсия дод,ки барои фароҳам овардани шароиту имконияти мувофиқ барои кулли табақаҳои иҷтимоии сокинон молу маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан арзон дар қиёс аз мағозаҳо ба фурӯш гузоранд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи табибон

Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қиматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тибби Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрику  муборакбод мегӯям. Орзу дорам, ки тандуруст, сарбаланду саодатманд ва ҳамеша омода ба ҳифзи сиҳатии омма бошанд.
Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани Иди касбии кормандони тиб, воқеан, ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон Абӯалӣ ибни Сино рост меояд. Соли 2013-ум табибони олам 1033-солагии нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва  энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Синоро ба таври хотирмон қайд карда буданд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...