Навгонӣ

Журналистони оянда соҳиби студияи таълимӣ шуданд.Соли нави хониш дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар оғоз гардид. Ба ҳукми анъана даромадааст,ки дар чорабиниҳои бахшида ба оғози соли нави хониш ва Рӯзи дониш воқеаи фараҳбахш мувофиқат мекунад. Устодону донишҷӯёни бахши журналистии Донишгоҳи Давлатии Хуҷандро дар Рӯзи дониш тӯҳфаи сазоворро соҳиб гаштанд. Дар кафедраи журналистикаи ин боргоҳи илму маърифат студияи таълимии «Фурӯғ» ба фаъолият шурӯъ намуд.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд дар маросими фаъолсозии студияи таълимии телевизионии «Фурӯғ»-и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд.
Абдураҳмон Қодирӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти телестудия ҳусни оғоз бахшида, дар хитоб ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани малакаи касбӣ аз васоити техникии муосир самаранок истифода баранд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Соли хониши нав бо толори варзишии навбунёд.Субҳи имрӯз дар тамоми мактабҳои шаҳри Хуҷанд садои занги аввал аз оғози соли нави хониш ва Рӯзи дониш дарак дод.
Раиси шаҳри Хуҷанд  Раҷаббой Аҳмадзода дар расми кушоди толори варзишии мактаби таҳсилоти умумии № 17 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Дар оғоз Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорон толибилмон ва кулли ҳозиронро бо Рӯзи дониш табрик намуд.
Мактаби мазкур аз оғози фаъолияти худ аз соли 1967 барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ имконият надошта, муаллимон дар фасли сармо машғулиятҳоро дохили синфхонаҳо доир менамуданд. Дар таълимгоҳи мазкур 560 нафар хонандагон таҳсил дошта, бунёди толори варзишӣ барои сифатан беҳтар гаштани тарбияи ҷисмонии онҳо мусоидат менамояд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Шӯрои шаҳрсозиро гузаронид.Ҷаласаи навбатии Шӯрои шаҳрсозии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Дар кори Шӯро идораҳои сохтмонӣ, фармоишгарон ва лоиҳакашону меъморон бо 8 лоиҳаи нави биною иншооти ба нақша гирифта шуда, ширкат намуданд.
Дар оғоз Раиси шаҳри Хуҷанд зикр намуд, ки имрӯз тибқи дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми сохтмонҳои бунёдшаванда, тибқи анъанаҳои меъмории миллӣ бо назардошти талаботҳои қатъии меъморию сохтмонӣ бояд бунёд ёбанд.
Дар ҳамин замина дар мавриди омода намудани санадҳои ҳуқуқӣ, ба имзо расондани шартномаҳои фармоишгарони сохтмон бо соҳибони хонаҳое, ки дар макони онҳо бунёди иншооти нав пешбинӣ шудааст Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдор супориши қатъӣ дод. Таъкид гардид, ки тамоми корҳо ва лоиҳаҳои пешниҳодшавандаро фармоишгарон сохтмончиён ва лоиҳакашон бояд тибқи талаботҳои сохтмонию меъморӣ ва шаҳрсозӣ пешниҳод намоянд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Корҳои азнавсозӣ ва таъмир дар боғчаи бачагона идома дорад.Дар оғози сол сокинони микроноҳияи сеюм, ки дар маҳаллаи «Мевағул» воқеъ аст, ба Раиси шаҳри Хуҷанд доири аз мувозинати Заводи таҷҳизоти газӣ ба ихтиёри идораи маорифи шаҳри Хуҷанд гузаронидани боғчаи бачагонаи дар маҳаллаи мазкур мавҷуд буда, муроҷиат намуда буданд. Зеро ин кӯдакистон ягона муассисаи томактабӣ дар ин маҳаллаи шаҳр ба ҳисоб рафта, сокинони бинобар набудани чунин муассисаи иҷтимоӣ бо ҷойи корӣ таъмин шуда наметавонистанд.
Мувофиқи супориши Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар интиҳои сол дархости сокинон қонеъ карда шуда, корҳои таъмиру азнавсозии боғчаи мазкур, ки таи 20 соли охир аз фаъолият бозмонда буд, оғоз гардид.
Бо мақсади огоҳӣ ёфтан аз рафти корҳои азнавсозӣ ва таъмир Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба боғчаи мазкур омад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Коргоҳи коркарди чӯбу тахта ва истеҳсолои дару тирезаҳо бунёд мегардад.Фароҳам омадани сиёсати созандаи бунёдкорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд то интиҳои соли равон ба фаъолият оғоз намудани чандин корҳоинаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар назар аст.
Яке аз ин коргоҳҳо ҶДММ КФ «Фортуна-К.0» аст. Корхонаи мазкур барои истеҳсоли маҳсулоти чӯбӣ аз қабили дару тиреза, фарш ва дигар маҳсулоти чӯбу тахтагӣ ва коркарди онҳо пешбинӣ гардидааст. Корхонаи мазкур дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир шуда, аз сехҳои коркарди ҷуб, истеҳсоли дару тиреза рангубордиҳӣ ва гайра иборат аст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздиди корӣ аз ин коргоҳи навбунёд нисбати корҳои сохтмонӣ, харидорӣ намудани таҷҳизоти нави муосири коркарди чӯб ва сохтани дару тирезаҳои байниҳуҷравӣ мароқ зоҳир намуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...