Навгонӣ

altРоҳи мо - роҳи мурод, сулҳ ва ободии диёр аст.
Роҳсозию роҳкушоӣ рисолати азалии халқи куҳанбунёди тоҷик буда, он таи асрҳо моҳияти иқтисодию иҷтимоиии худро гум накардааст. Бунёди роҳ нишони пайванди устувории ҷомеа мебошад.
Ҳамасола якшанбеи дуюми моҳи сентябр, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи роҳсозон таҷлил карда мешавад, ба санаи муборак – Рӯзи Истиқлолияти давлатии мамлакат рост омад.
Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфтанд.
Дар шароити ҷуғрофии кишвар роҳҳои автомобилгард воситаи муҳим пайвастани минтақаҳои кишвар буда, дар таъмини пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, нақши муҳим ва ҳалкунанда доранд.

(3 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд ба бонувони ҳунар грант супорид.Ҷиҳати иҷрои қарори Раиси вилоят аз 31 январи соли 2014 “Оид ба таъсиси грантҳо барои дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ”, қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 7 апрели соли 2014, № 161 “Дар бораи таъсиси грантҳо баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ барои соли 2014” ба тасвиб расида буд.
Маблащи умумии он 55 ҳазор сомониро ташкил дода, 15 гранти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, аз ҷумла 5 грант, ба ҳар яке 5 ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунари дастии қолинбофӣ, 5 грант, ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунари сӯзанидӯзӣ ва 5 грант, ҳар яке 3 ҳазор сомонӣ, барои рушди ҳунари адрасбофӣ таъсис дода шуда буд.
Дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи грантӣ лоиҳаи 15 нафар занони ҳунарманд ғолиб дониста шуда субҳи имрӯз дар Кохи матбуот маросими супоридани грант  ба ғолбон баргузор гардид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд шахсони ниёзмандро баъди муроҷиаташон аёдат намуд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба муроҷиати чанде аз шаҳрвандон,ки барои ҳалли муаммоҳои худ ва расондани кӯмаки яквақтаи моддӣ  муроҷиат намуда буданд, ба ёдати онҳо рафт.
Сокини шаҳри Хуҷанд собиқадори меҳнат Татяна Ломкина зиёда аз 20 соли фаъолияти кории худро ба коргоҳи илмию истеҳсолии «Алмос» бахшида, ҳамроҳи як наберааш зиндагӣ намуда, айни ҳол даврони пирӣ меронад.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз ҳоли ӯ пурсон шуда, нисбати вазъи саломатӣ шароити зист ва таъмини доруворӣ таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба мутасаддиён дастур дода шуд, ки вазъи саломатӣ ва таъмини шароити  зиндагии собиқадори меҳнатро зери назорат гиранд.

Раиси шаҳри Хуҷанд аз рафти корҳои сохтмонӣ дидан намуд.Дар яке аз маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд хобгоҳи барои 200 нафар низомиёни қисми ҳарбии қӯшунҳои сарҳадӣ бо тамоми шароиту имкониятҳо бунёд ёфта истодааст. Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз иншооти мазкур дидан намуд. Назар ба маълумоти сардори идораи сохтмони асосии шаҳр Музаффар Шокиров ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи якум ва дуюм асосан ба охир расида, девори қисмати сеюми бино қомат рост менамояд.
Ҳоло дар иншоот ҳамарӯза зиёда аз 50 нафар сохтмончиён машғули коранд. Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дод,ки барои таъмини вусъати кор дар сохтмон дастур дод, корҳои насби дару тирезаҳоро оғоз намоянд.
Дар назар аст, ки корҳои асосии сохтмонӣ дар аввали моҳи октябр ба охир расида сипас корҳои рангу пардоздиҳӣ оғоз гардад.

Ҷаласаи кории «Иди «Атлас ва адраси Хуҷанд-2014».Мувофиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд санаи 26 сентябри соли ҷорӣ озмуни адрас ва атлас баргузор мегардад. Барои дар сатҳи баланд баргузор гаштани он кумитаи тадрукоти баргузории ин чорабинӣ ташкил гардидааст.
Тибқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода имрӯз маҷлиси кумитаи тадорукоти озмунро раиси кумитаи тадорукот, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умеда Муродова доир намуд.
Дар ҷаласаи корӣ дар баробари аъзоёни кумитаи тадорукот роҳбарони якчанд корхонаҳои саноатӣ, соҳибкорони инфиродӣ низ даъват шуда буданд.
Аъзоёни ҷаласаи корӣ нақша-чорабинии баргузории озмун-намоишро тасдиқ намуда, бо мақсади ҳарчӣ бештар ҷалб намудани тарроҳон дӯзандагон ва ҳунармандони мустақил ва корхонаю муассисаҳо тавсия доданд,ки корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби ин озмунро бештар намоянд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...