Навгонӣ
23 Июн 2015
Барои хубу хотирмон гузаштани мавсими таътили мактабиён дар истроҳатгоҳи «Парвоз»-и идораи маорифи шаҳри Хуҷанд қабул барои басти якуми кӯдакону наврасон шурӯъ гардид. Дар ин баст 174 нафар кӯдакону наврасони ятим, нимятим ва фарзандони оилаҳои ниёзманд истроҳат хоҳанд кард.
Дар расми кушоди мавсими таътили хонандагон дар истроҳатгоҳи «Парвоз» муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Умедахон Бурҳонзода Муродӣ иштирок намуда таманниёти неки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзодаро ба тамоми хонандагон ва ҳайати омӯзгорону мураббиён расонд.
Муфассал... Шарҳ додан







