Навгонӣ
01 Сентябр 2014
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар расми кушоди толори варзишии мактаби таҳсилоти умумии № 17 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Дар оғоз Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони соҳаи маориф, омӯзгорон толибилмон ва кулли ҳозиронро бо Рӯзи дониш табрик намуд.
Мактаби мазкур аз оғози фаъолияти худ аз соли 1967 барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ имконият надошта, муаллимон дар фасли сармо машғулиятҳоро дохили синфхонаҳо доир менамуданд. Дар таълимгоҳи мазкур 560 нафар хонандагон таҳсил дошта, бунёди толори варзишӣ барои сифатан беҳтар гаштани тарбияи ҷисмонии онҳо мусоидат менамояд.
Муфассал... Шарҳ додан







