Навгонӣ

Хохиши омӯзгори бемор иҷро гардид.

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли чанде аз шахсони ниёзманд ва бемор бохабар шуда, онҳоро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрик намуд.
Омӯзгори собиқадор Маъсуда Очилова давоми чанд сол аст, ки аз беморӣ ранҷ мебарад ва дар парастории хоҳарону наздиконаш аст. Рӯзи гузашта ҳангоми аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд ва меҳмонии ӯ дар манзили муаллима Маъсуда Очилова пайвандонащ аз Раҷаббой Аҳмадзода хохиш намуданд барои харидории телевизор кӯмак расонад. Нимаи аввали имрӯз масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як телевизорро ба манзили  омӯзгори собиқадор дастрас намуда, хоҳиши пайвандони ин шахси беморро иҷро намуданд. Номбурда барои доимӣ ва таваҷҷӯҳи пайваста ба ҳукумату давлат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сипосмандии самими худро баён намуд.

Раиси шаҳр шахсони бемор ва ниёзмандро аёдат менамояд.Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хабаргирӣ ва расондани кӯмаки идона дар рӯзҳои таҷлили ид ба ҳукми анъана даромадааст. Давоми чанд рӯз аст, ки бо ташаббус ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд масъулини воҳидҳои сохторӣ, соҳибкорон ва шахсони саховатманд ба қишри ниёзманди сокинони маркази вилоят кӯмаки моддӣ мерасонанд.
Бахшида ба фарорасии Иди саиди Фитр давоми ду рӯз аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз холи чанде аз сокинони эҳтиёҷманди шаҳр хабар  гирифта ба онҳо кӯмаки яквақтаи моддӣ мерасонад.
Имрӯз низ Раиси шаҳри Хуҷанд даҳ нафар аз шахсони ниёзмандро аёдат намуд. Аёдати Раиси шаҳр аз хабаргирии ҳоли, сокини кӯчаи Лоҳутӣ ҷавондухтари 17 сола, - Зоидбоева Шаҳноза оғоз гашт, ки бемории ҷароҳати пӯст дорад.

Дар шаҳри Хуҷанд  натиҷаи нимсола ҷамбаст гардид.Дар маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҷлиси ҷамбастӣ доири фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ баргузор гардид.
Маҷлисро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд дар оғози кори ҷаласа ҳозиронро бо Фармони Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Прокурори шаҳри Хуҷанд таъин шудани Солеҳзода Арабшоҳ ошно намуда, ба номбурда барои фаъолияти пурсамар дар ин вазифа муваффақият хост.
Доири натиҷаҳои фаъолитяи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи маркази вилоят дар назди ҳозирон муовини Раисим шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов баромад намуд.
Муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов ба фаъолони дар толор ҳузурдошта аз натиҷа ва дастоварду вазъи имрӯзаи тамоми соҳаҳо маълумоти муфассал дода, изҳор намуд, ки имрӯз барои таъмини зиндагии мардум ва перафти кишвар саҳмси меҳнаткашони маркази вилоят назаррас аст.

Дар шаҳри Хуҷанд амалишавии лоиҳаи кам намудани талафоти барқ идома дорад.Дар маҳаллаи «Бофанда» дар доираи амалишавии лоиҳаи «Паст намудани талафоти неру дар вилояти Суғд" насби аввалин хисобченкунакҳои барқӣ оғоз гардид.
Мутахассисон ва кормандони идораи шаҳри Хуҷанд дар оғози ҳафта ба насби ҳисобченкунакҳои электронӣ дар хонаи истиқоматии № 14 насби аввалин ҳисобкунакҳои барқ гурӯъ гамуданд.
Дар баробари ин тибқи нақшаи лоиҳаи мазкур ивази ноқилҳо ва лавҳаи 0,4 кВ. низ ба нақша гирифта шудааст. Баъдан ба иҷро расондани корҳои насбу васл чунин амал дар хонаҳои №8, №6, №26,№ 10 ва № 16 пешбинӣ гашта, корҳои озмоиши системаи Биллинг ва EMI оғоз меёбад.  Умуман дар марҳилаи нахустин  гасби ҳисобченкунак 250 муштариро дар  бар  мегирад, Назар ба маълумоти мутахассисон баъди таҳлил ва натиҷагирӣ аз кору низоми хисобченкунакҳои барқӣ ва   системаи  Биллинг ва EMI лоиҳаи мазкур бо назардошти таҷрибаи дар ин минтақаи озмоишӣ ҳосилгашта, дар дигар қисматҳои шаҳр низ амалӣ карда мешавад.

alt

Ҳамшаҳриёни азиз!
Иди саиди Фитрро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба кулли ҳамдиёрони арҷманд муборакбод гуфта, имону ибодати комил, рӯзгори обод ва неъмати фаровонро таманно менамоям.
Бигузор, аз файзи моҳи шарифи Рамазон ва Иди саиди Фитр Ватани азизамон Тоҷикистон доимо ободу дар амон бошад ва бо дуои неки пирони хирад худованди бузург мардумонашро некрӯзу сарбаланд ва фарзандонашро арҷгузори миллат гардонад.
Дар суханрониҳои Сарвари давлатамон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид гардидааст, ки Тоҷикистон ҷаннати воқеии рӯи замин ва мардумонаш покнаҷоду боимонанд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки намозу ибодати аҳли диёр чун ворисон ва пайравони мазҳаби фарзанди фарзонаи миллат Абӯҳанифа Имоми Аъзам ҳамешагӣ намози шукронаву садоқат ба Ватан ва саодати ҷомеа хоҳад буд. Зеро танҳо бо орзуи хушбахтии халқ ва хизмати содиқона ба нафъи ҷамъият ҳар фард  метавонад бар маснади бузургиву шукӯҳ, хонаободӣ ва муҳаббати илоҳӣ мушарраф гардад.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...