Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Шоҳмотбози беҳтарини Хуҷанд муайян гардид.Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Артиши Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чойхонаи Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ байни шоҳмотбозон доир гардид. Мақсади баргузории ин чорабиниро масъулини соҳа тарғиби бозии шоҳмот байни сокинон, баланд бардоштани маҳорати ҳавасмандони ин намуди бозӣ ва пойдории иртиботи доимӣ байни ҳаводорони бозии шоҳмот арзёбӣ намуданд.
Чорабиниро мудири Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматоҷонов ифтитоҳ намуда,  паёми шодбошӣ ва табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба иштирокдорони ин мусобиқаи интелектуалӣ расонд.
Дар мусобиқа 24 нафар шаҳрвандони синну соли гуногуни шаҳри Хуҷанд ширкат намуда, маҳорати шоҳмотбозии худро тибқи системаи «олимпӣ» намоиш доданд.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Гузоштани лавҳаи ёдгорӣ бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд.Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими гузоштани лавҳаи ёдгории собиқадори соҳаи тандурустӣ, Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зикурулло Хоҷаев дар кӯчае, ки номи ӯро дорад, иштирок намуд.
Ба ин муносибат дар кӯчаи мазкур ҳамоиш бо ширкати аҳли маҳалла, зиёиён, собиқадорону кормандони соҳаи тиб масъулини давлатию ходимони ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Ҷамъомадро Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуд. «Дар баромаду суханрониҳои Асосгузори Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо зикр гардидааст, ки насли имрӯза дар назди дирӯзу фардои мардуми мо рисолати посдории анъанаҳои нек ва тарбия насли наврасро дар заминаи хизматҳои шоистаи фарзандони диёри худро дорад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мусобиқаи ҳарбӣ- варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан»Бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи ахлоқӣ ва маънавии ҷавонон, тайёр намудани ҷавонон барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санҷиши донишу малакаи касбии онҳо дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи маориф, комиссариати ҳарбӣ ва иттифоқи собиқадорони ҷанговарони интернатсионалист дар шаҳри Хуҷанд  даври ниҳоии мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ҳомиёни ҷасури Ватан» дар варзишгоҳи «Спартак» баргузор гардид. Мусобиқа аз рӯи намудхои ҳаракатҳои сафи (гузаштан аз назди трибуна) иҷро кардани амалиётҳои сафгарди ҳамаи даста, давидан ба масофаи 100 метр, ҳаво додани норинчак ба масофа кашидани вазн, варзнбардорӣ (16кг) ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ кардани қисмҳои автомат,тирҷойкуни ба тирдон, тирпаррони аз туфанги пневматикӣ дар масофаи 10 метр гузаронида шуд.

Ҷавонони Хуҷанд дар «300 Рӯзи ободонӣ» саҳм мегузоранд.Бо ибтикори Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанддар доираи Амалиёти ҷумҳуриявии ҷавонон, таҳти унвони «Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» ва қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Оид ба эълон гаштани «300 Рӯзи ободонӣ» бахшида ба пешвози 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои давлатии мактаби варзишии бачагон ва наврасони шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 300 нафар кормандони бахш, мураббиён, варзишгарон ва ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар ҳудуди муасисаҳо беш аз 400 бех ниҳолҳои сояафкану ороиши шинонида шуд. Иқдоми мазкур аз ҷониби Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд ҳар ҳафта рӯзи шанбе идома дода мешавад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд оилаи қурбониёни барқарор намудани сохти конститутсиониро аёдат намудБо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва 23 солагии таъсисёбии Артиши Миллӣ, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода оилаҳое, ки пайвандону фарзандони онҳо барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ ё ҳангоми адоми хизмати ҳарбӣ ҳалок гаштаанд аёдат намуд.
Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд ба манзили истиқоматии хонаводаи Раҳматовҳо омад. Фарзанди ин хонавода Фирдавс Раҳматов ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ вафот намуда буд. Раҷаббой Аҳмадзода баробари изҳори тасаллият ва расондани кӯмаки моддӣ аз шароити феълӣ ва зиндагии ин хонавода пурсон шуд. Волидайни шодравон Фирдавс Раҳматов барои таваҷҷӯҳи доимӣ ба давлату ҳукумат ва мақомоти шаҳрдорӣ изҳори сипос намуда аз Раҷаббой Аҳмадзода барои дарёфти ҷойи корӣ сазовор ба писараш дархост намуд.

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...