1395
(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)
27 Ноябр 2015

Дар «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи анъанавии байналхалқӣ оид ба бокс ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев оғоз ёфт.
Ин мусобиқа тибқи Қарори Раиси вилояти Суғд санаҳои 25-29 ноябр баргузор гашта дар он варзишгарони вилоятҳои Бадахшони Кӯҳӣ, Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе ва ҳамчунин варзишгарон аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок менамоянд.
Дар маросими кушодашавии ин чорабинии варзишӣ муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Назира Ғаффорӣ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба иштирокдорон ва варзишгарони ин мусобиқаи анъанавӣ расонда изҳори боварӣ намуд, ки ин мусобиқа барои таҳкиму рушди ин намуди варзиш мусоидат хоҳад кард.