Навгонӣ
15 Январ 2015
Сараввал Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи кунунии майдону гулгаштҳои Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ ошно шуда, бо масъулини шӯъбаи меъморӣ шаҳрсозӣ, сарраёсати ободонӣ, идораи роҳсозӣ ва ширкатҳою соҳибкорони маҳаллӣ бобати оғози корҳои ободонӣ ва азнавсозӣ дастуру супоришҳо дод. Соҳибкорони маҳаллӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд лоиҳаи гулзоркунии роҳрав ва майдонҳои назди Қасри ҷавонон, ба тариб даровардани дарахтон ва шинондани ниҳолҳои ҳамешасабзро пешниҳод намуданд. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар шафати муассисаи номбурда бунёди чойхонаи миллӣ бо тарҳу усули замонавӣ сохта хоҳад шуд.
Муфассал... Шарҳ додан