Навгонӣ
25 Август 2017
Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғдро консерти аҳли фарҳанги меҳмонон шукуҳи дигар бахшид. Он дар Амфитеатри Қасри Арбоб доир шуда, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед иштирокдори ин консерт буданд.
Сароғоз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сухан карда, ташрифи меҳмонони баландмақомро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт. Зикр кард, ки туфайли сиёсати ваҳдат-парваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сулҳхоҳу фарҳангдӯсти минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ҳам аҳлу тифоқ мегарданд ва бо баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ба вилоятҳои ҳамдигар ташриф оварда, аз урфу одат ва анъанаву фарҳанги якдигар огоҳ мешаванд.







