Навгонӣ
06 Июн 2017
Ҳамасола якшанбеи аввали моҳи июн чун рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Хайрулло Ғайбуллозода маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Хайрулло Ғайбуллозода табрикоти Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзодаро ба самъи ҳозирон расонда, доири саҳми арзандаи кормандони соҳа дар корҳоиободонӣ сабзкорӣ ва зебо гаштани маркази вилоят қаноатмандии мақомоти шаҳрдориро таъкид намуд.
Дар лаҳзаи тантанавӣ ба 15 нафар кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷанд супорида шуд. Ҳамчунин ба 32 нафар кормандони хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр тӯҳфаҳои хотиравии Иттифоқҳои касабаи Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.





Кормандони соҳаи савдо, муассисаҳои хизмати маишӣ, хоҷагии манзилию коммуналиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо фарорасии иди касбиашон сидқан муборакбод менамоям.

