Навгонӣ

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳри Хуҷанд дастгирӣ намудани истеҳсолкунандагони ватаниро талаб намуд.Баробари ба интиҳо расидани соли хониш дар мактабҳои маркази вилоят омодагӣ ба соли хониши нав оғоз ёфт.
Дар ҳамин замина бо дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати таҳия ва баррасии тарҳи нави либосҳои мактабии муҳассилин дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, тарроҳон ва коргоҳхои дӯзандагӣ шурӯъ гардид.
Бо мақсади шиносоии бештар   аз ҳолати имрӯзаи   таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба коргоҳи бофандагию  истеҳсолии «Нассоҷии  Хуҷанд»  омад.
Коргоҳи мазкур бо назардошти талаботи имрӯзаи бозор, дастгоҳҳои бофандагии муосир ворид намуд, ки ин тадбир барои ҷори гаштани технолгияи нави истеҳсоли матои хушсифати ватанӣ боис гардид.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Табрикоти  Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи ҷавонони ТоҷикистонҶавонони азиз!
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, Шумоён –ворисони арзандаи миллатро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳатмандиву хонаободӣ, рӯзгори хушу хуррам, сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои муродро таманно менамоям.
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба сӯи пешрафтҳои навин қадамҳои босубот мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавӣ масъалаҳои марбут ба рӯзгори ҷавонон ҳамчун неруи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати давлату ҳукумати кишвар қарор дорад. Сарвари давлатамон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ қайд намудаанд:
«Ҳукумат ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ  идома бахшида, ба ин неруи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.»

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Мушкилоти сокинон ҳалли худро меёбад.Наздик 20 сол аст, ки як идда сокинони кӯчаи ба номи Ҷ.Зокирови маркази вилоят аз таъмирталаб будани кӯчаи худ, хусусан вақти боришот мушкил гардидани роҳгардӣ дар он азоб мекашиданд. Дар ин мавзӯъ телевизионҳои маҳаллӣ чанд барномаҳои танқидӣ низ пахш карда буд.
Тибқи дастури Раиси шаҳр масъулини соҳа барои обод кардани ин кӯча оғоз карданд. Қарор дода шуд, ки дар ҷойи муайян ҳавзи иқтидори об ғунҷоишаш 120 мукааб метра сохта кӯчаро мумфарш ва ба масофаи 600 метр қубури обгузар хобонида мешавад.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар ин кӯча ба сохтмончиён дастур дод то ки корҳои сохтмониро тезонанд ва нисбати ободу зебо намудани атрофии ҳавз ва ба макони истироҳати мардуми маҳалла табдил додани он чораҷӯӣ намоянд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Толорҳои варзишӣ ба мактабиёнВарзиш-гарави саломатист, мегӯянд. МИҲД шаҳри Хуҷанд бо назардошти ин баҳри солиму бенуқсон ба воя расидани мактаббачагон, хусусан тарғибу ташвиқи варзиш ва ҳаёти солим чораҳои зиёд меандешад.
Далели ин гуфтаҳо имрӯзҳо бунёд ёфтани ду толори варзишӣ барои хонандагони Гимназия-мактаби №1 ба номи Беҳбудии маркази вилоят ва Литсеи техникии ба номи академик М.Осимӣ аст, ки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти корҳои сохтмонии онҳо боздид ба амаловард.
Бино ба гуфти сарвари Гимназияи №1 Хуршеда Атобоева дар мактаби мазкур 926 хонанда таҳсил карда, шавқу завқашон ба варзиш басо калон аст. Моҳи декбари соли гузашта Раиси шаҳр зимни ташрифаш ба Гимназия арз карда буданд, ки барояшон толори варзишии мусоид намерасад. МИҲД шаҳр дар бунёди он кӯмак расонад.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Оила оғози фардои муродХонандагони азиз тавре қаблан хабар доранд кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба соли 2015 эълон шудани Соли оила ва дар сатҳи баланд доир намудани омодагиҳо ба Рӯзи оила давоми як моҳи охир якчанд чорабиниҳоро доир намуд. Чунончӣ дар доираи баргузории иқдоми (аксияи) «Бонувон дар сафи пеши созандагӣ» зери шиори «Занону духтарон ҷонибдори оила, ҷомеа ва миллати солим» дар мактабу литсейҳои ҳудуди шаҳр бобати омӯзонидани маърифати оиладорӣ бо ҷалби мутахассисон, занони рӯзгордида доир намуд. Ҳамчунин дар муассисаҳои олии вилоят силсилаи чорабиниҳо таҳти унвони «Ҳар рӯзи ман бо муҳаббат ощоз мегардад, на бо хушунат», Оилаам осудаву ҷамъи ҷаҳон осудааст», «Субҳи тулӯи дил», «Оинаи рӯзгор», «Зани оқилаву порсо, кунад марди хешро подшоҳ», «Зан-чарощи хонадон» баргузор гардида, ба чорабинӣ ҳуқуқшиносон, равоншиносон, кормандони хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, масъулини соҳаҳои тандурустӣ, маориф даъват шуданд.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...