Навгонӣ

Хонандагони мактаби № 5 ғолиби озмуни «Мо кӯдакони хушбахти замон»Бахшида ба Рӯзи муҳофизати кӯдакон дар маркази вилоят баргузории чорабиниҳо оғоз ёфт. Чорабинии мазкур дар асоси накша-чорабинии шӯъбаи маориф ва комиссияи ҳимояи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Субҳи имрӯз дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» озмуни расмкашӣ дар рӯи мумфарш байни мактабиёни шаҳри Хуҷанд оғоз ёфт.
Иштирокчиёни озмун 20 нафар хонандагони синфҳои аз панҷум  то даҳум буда, онҳо чун ғолибони даври якум, ки дар мактабҳои шаҳр доир гашта дар давраи дуюм он, ки байни мактабҳо баргузор гардид, иштирок намуданд.
Озмун ба мавзӯи «Мо кӯдакони хушбахти замон» бахшида шуда, иштирокдорони ин озмуни эҷодӣ беш аз 25 расмҳои дар рӯйи мумфарш  кашидаи худро манзури ҳакамон намуданд.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ободии кӯчаҳо ободии шаҳр аст.Ободии кӯчаю хиёбонҳо ва кӯчаҳои маҳаллаҳои маркази вилоят рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад.
Имрӯз дар кӯчаи ба номи К. Калинников мумфаршкунии кӯча оғоз гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози корҳои мумфаршкунии ин кӯча шахсан ширкат намуда, бо фаъолон ва кормандони ташкилоту муассисаҳое,ки дар кӯчаи мазкур қарор доранд мулоқот намуд.
«Тамоми корҳои ободонӣ дар маркази вилоят маҳз дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ амалӣ мегардад.
То имрӯз 6 километри роҳ пурра мумфарш гардида, 19 километри он аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таъмири Маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» идома дорад.Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем, баъди боздиди корӣ аз вазъи фаъолияти имрӯзаи маркази «Ёрии таъҷилии тиббӣ» аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода, таъмир ва азнавсозии ин марказ, ки дар ҳудуди Беморхонаи шаҳрии № 2- ҷойгир аст, оғоз гардид.
То имрӯз қисмати асосии корҳо аз қабили бомпӯш намудани бинои марказ, азнавсозии ноқилҳои барқӣ, қумпӯш намудани деворҳо ва ғайраро ба анҷом расида, таъмигарон ният доранд дар мӯҳлати муқарраргардида корҳои таъмирро бо сифат ба анҷом расонанд.
Маблағи умумии корҳои таъмир 200 ҳазор сомониро ташкил дода, то имрӯз 60 фоизи маблағи пешбинишуда  аз худ карда шудааст.

(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шаҳр сарҳадбононро табрик намуд.Афсарону сарбозон ва хизматчиёни ҳарбии қисми низомии 9829 бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идонаи пуршукӯҳ баргузор намуданд.
Дар таҷлили ин иди сарҳадбонон, ки бо иштироки васеи сохтори марбута, собиқадорон, ҷанговарони байналмиллал ва ҷавонписарони мактабҳои шаҳр доир гашт, Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат намуд.
Дар суханронии ифтитоҳии худ сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар вилояти Суғд Ҳикматулло Пираков хозиронро бо ин рӯзи хотирмон табрик намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода тамоми ҳомиёни марзу сарҳади кишварро бо рӯзи таъсисёбии ин ниҳоди муҳими қудрати давлатӣ табрик намуда, изҳори боварӣ намуд,ки он вазифаю масъулияте,ки имрӯз давлату ҳукумат дар онҳо гузоштааст, бо сарбаландӣ ба ҷо хоҳанд овард.

(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altАфсарону ҳимоятгарони марзу буми Ватан!
Мӯҳтарам собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 21-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти  миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол самимона табрик гуфта, бароятон дар иҷрои вазифаи муқаддасу пуршараф - ҳифзи марзу буми Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими дастовардҳои истиқлолият ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат комёбиҳо орзу менамоям.
Амнияти ҳар халқу давлат аз ҳимояи марзу буми он вобаста аст. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон ба ҳифзи сарҳадот таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд. Пас аз расидан ба соҳибистиқлолӣ зарурияти дар ҷумҳурӣ таъсис додани Қувваҳои марзбонӣ ба миён омад.

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...