Навгонӣ
03 Июн 2015
Аз субҳи барвақт сокинони кӯчаи Давронбек Аҳмадбеков ҳама якдилона барои иштирок дар ҳашар ҷамъ омада буданд. Кӯчаи мазкур яке аз гузарҳои қадимаи шаҳри Хуҷанд буда, байни сокинони шаҳр он бо номи гузари «Заргарон» маъмул аст.
Дар ин кӯча 90 ҳавлӣ ва 130 оила зиндагӣ мекунанд.
Ва инак баъди 40 сол дар кӯчаи онҳо таъмири роҳ ва мумфаршкунӣ оғоз ёфт.
Ба муносибати ифтитоҳи корҳои асфалтхобонӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба кӯчаи мазкур омада бо роҳсозон, бошандагон ва фаъолони маҳалла сӯҳбат намуд.
Муфассал... Шарҳ додан